Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳамчун яке аз тимсолҳои фарзияи номи Ашинаро туркшинос С.Г. Кляшторный инчунин «аsana»-и забони сакоӣ – «шоиста, ашроф»-ро ҷудо кард. Катибаи дар боло овардашудаи Бугут ба таври равшан шаҳодат медиҳад, ки забони суғдӣ забони расмии аввалини Хоқони турк буд. Ҳамин тариқ, воҳаи Турфон бо кӯҳи Олтой гаҳвораи натанҳо пайдоиши халқи турк, балки синтези суғдиву турк низ гардид, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштааст. Туркшиноси барҷастаи рус чунин қайд кардааст: «Маҳз дар ин ҷо ба робитаҳои қавии турку суғдӣ ибтидо гузошта шуд, ки ба тамоми фарҳанг ва давлатдории туркҳои қадим таъсири бузург расонид. Дар Олтой қабилаи Ашина қабилаҳои маҳаллиро тадриҷан дар атрофи худ муттаҳид сохт. Иттиҳоди қабилавии нав номи туркро гирифт».
Дар миёнаи асри VI пешвои туркҳо Бумин унвони «ябғуи бузург»-ро қабул карда, халқи худро на танҳо аз ҳукмронии жожҳо раҳо кард, балки ба истилоҳои бузург низ шурӯъ кард. Дар бораи нақши истисноии суғдиён дар дарбори Хоқони турк на танҳо тобеон ва ҳамсоягон, балки дар Чин низ медонистанд, зеро Ан Нопанто, суғдии аз Гансу, аввалин сафире буд, ки соли 545 ба дарбори Бумин, аз давлати Тоба Вейи чинӣ фиристода шуда буд.
Дар таъсиси Хоқони турк (номи худаш –Турк Эл) нақши барҷастаеро бародари Бумин ва ҳамҳокими ӯ Истами хоқон низ бозид, ки душманони ашаддии худ – жожҳоро дар ғарб таъқиб карда, ба Ҳафтрӯд, Варорӯд ва Кавкази Шимолӣ юришҳои истилокорона анҷом дод. Писарони Буминхоқон (Муған ва Таспар) бошанд, қисми дигари жожҳоро то ба Корея ва Чини шимолӣ таъқиб карда, дар робита бо давлатҳои Чини шимолӣ (Тсии шимолӣ ва Чжоуи шимолӣ) чунин муносибатҳои

пешина
аз 335
навбатӣ