Ҷаҳони Тоҷикон

идоракунии воқеии онҳоро барқарор карданд. Агар калимаи суғдии «ашина», ки маънои «кабуд»-ро дошт ва дар ибтидо истифода мешуд, пас аз нимаи дуюми асри VI истилоҳи «турк»
васеъ паҳн гардид. Баъзан ибораи ҳардуи он «турки кабуд»
истифода мешуд. Суғдиён эҷодкорони империяи навро «турк» ва дар ҷамъ, «туркут» (ё туркют) – «турк» меномиданд. Ин шакли суғдӣ аввал аз ҷониби Чин («туцзюе») ва баъдтар аз ҷониби Рум (Византия) гирифта шудааст, зеро муносибатҳои дипломатӣ, аз ҷумла мукотибаҳои дипломатии байни туркҳою чиниҳо ва туркҳою румиҳо (византиягиҳо), бо иштироки фаъоли дипломатҳои суғдиён ва хатти суғдӣ сурат мегирифтанд. Баъдтар ин ном (турк) дар байни халқҳои дигар (эрониён, арабҳо, тибетҳо ва ғ.) паҳн шудан гирифт.
Бунёди як империяи бузурги бодиянишини туркҳо боиси он гардид, ки онҳо ба муносибатҳои ҷаҳонии сиёсӣ ва иқтисодии садсолаи аввали асримиёна, пеш аз ҳама, бо ҷаҳони атроф – Чин, Эрон ва Рум (Византия) ворид гарданд. Дар муносибатҳои байналмилалии он даврон яке аз вазифаҳои асосӣ ин мубориза барои назорати хатсайрҳо ва нуқтаҳои калидии Шоҳроҳи Абрешим буд.
Ҳамин тариқ, дар охири асри VI, вақте ки Хоқони турк соҳиби ҳавзаи Тарим, Ҳафтрӯд ва Варорӯд гашт ва ду давлати чини шимолиро хироҷдиҳандаи худ намуд, суғдиён дар тиҷорати абрешим ба майдони ҷаҳонӣ баромаданд ва назорати худро аз шаҳри Пайканд (соҳили рости Амударё) то Чанъан (пойтахти давлатҳои Суй ва баъдан Тан) дар хатсайри асосӣ ва аз соҳилҳои Волга то Дунхуан дар хатсайри шимолӣ ҷорӣ карданд. Ба ин ворид шудани Суғди марказӣ (Варорӯд) ба таркиби Хоқони турк низ мусоидат кард, зеро акнун натанҳо мустамликаҳои суғдии ҳавзаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо