Ҷаҳони Тоҷикон

Тарим ва Ҳафтрӯд, балки маркази сиёсии он бо Самарқанд низ қисми ин империяи васеи даштӣ буд. Акнун синтези суғдиву туркӣ, ки дар канораҳои дури мустамликаҳои суғдӣ ва дар гаҳвораи ҷаҳони турк (Олтой) ташаккул ёфта буд, ба маркази сиёсии худи Суғд интиқол дода шуд.
Эҷоди як империяи бузурги даштӣ инчунин бо ғорати бисёр шаҳрҳо ва кишварҳои шимоли Авруосиё ва ҷамъоварии захираҳои бузурги моддӣ, аз ҷумла, молҳои гаронбаҳо (абрешим, фахфур ва ғайра) боис гардид. Ин вазъ ба болоравии мавқеи тоҷирони суғдӣ, ки дар пояҳои бунёд ва тавсеаи Хоқони турк меистоданд, мусоидат намуд. Бевосита дохил шудани худи кишвари Суғд бо тавлидоти пурқудрати бофандагӣ ба ҳайати давлати Хоқон низ мавқеи онҳоро дар тамоми қудрат боз ҳам мустаҳкам кард.
Беҳбудии иқтисодии Варорӯд ва минтақаи асосии он Суғд, ки тавассути тиҷорати миёнаравии байналмилалӣ ва истеҳсоли пурқуввати бофандагӣ ба вуҷуд оварда шуда, инчунин, ба бозори хориҷӣ нигаронида шудааст, дар радифи фарҳанги воло, ки ба хатти худ такя мекард, имкон фароҳам овард, ки дар муносибатҳои байналмилалии он давра нақши намоён бозад.
Ҳамин тариқ, дар нимаи дуюми асри VI зарурати фаврии фурӯши абрешими коргоҳҳои суғдӣ, инчунин интиқоли абрешимҳои чинӣ (ва таримӣ), ки дар дасти туркҳо дар шакли хироҷ ва ғаниматҳо ҷамъ шуда буданд, суғдиёнро водор сохт, ки бо давлатҳои пурқудрати он замон –Эрони Сосониён ва Рум (Византия) ба муносибатҳои дипломативу иқтисодӣ бароянд.
Тоҷири суғдӣ Маниах («ҳаводори монӣ»), аз Хоқони империяи туркӣ Истами Ҳоқон тасдиқ гирифт, ки аввал ба Эрон сафари дипломатӣ кунад. Вақте ки дарбори шоҳаншоҳи Сосонӣ пас аз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо