Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

баргузории як нишасти хос иҷозаи тиҷоратӣ ва дипломатии суғдӣтуркиро ба ғарб рад мекунад, пас аз ин сафари рисолати ноком, сафари дувум ба пойтахти империяи Рум ташкил карда мешавад.
Ба андешаи мо, роҳбарияти дувуми сафорат ба давлати дуюми ҷаҳонии он замон аз ҷониби Маниах (вақте якумаш ноком анҷом ёфт) нишон медиҳад, ки Суғд дар дохили Ҳоқони турк мухторияти васеъ дошт ва суғдиҳо дар дарбори ин империяи бодиянишин мавқеи махсусро ишғол мекарданд.
Ин сафорати Маниахи суғдӣ, ки бо як «хатти скифӣ» ва «абрешим ба арзиши бузург» ба пойтахти Рум-Константинопол фиристода шуда буд, рисолати дуҷониба дошт, аввалан, дар шахси императори Рум як шарики боэътимоди низомӣ пайдо кунад, ки якҷоя ба муқобили Сосониён дар ҷануб ва Жожҳо (ки, онҳо дар Аврупо ба “аварҳо” табдил ёфта буданд) дар шимол лашкаркашӣ намоянд ва дувум, дар симои дарбори хеле сарватманди Рум харидори абрешими суғдиро пайдо кунанд.
Таҳлили забони ин «хатти скифӣ», ки дар дасти сафорати суғдӣ-туркӣ дар империяи Рум буд, ки онро муаррихони румӣ тавсиф карда буданд, хеле ҷолиб мебошад. Муҳаққиқон онро «хатти суғдӣ» мешуморанд ва ҳамчун далели қавӣ дар хатти дар боло зикргардидаи Бугутро аз Муғулистон мисол меоваранд: «Тахтасанг бо хат дар теппаи қабри яке аз аввалин Хоқони турк Таспар (ҳукмронӣ с. 572-581), ки баъд аз тақрибан 15 соли сафорати Маниах бунёд карда шуда буд, ки хатти он суғдӣ буд. Шумораи зиёди суғдиён дар дарбори Хоқони турк зиндагӣ мекарданд; онҳо, тавре ки манбаъҳои хориҷӣ мустақиман хабар медиҳанд, дипломатҳо ва шахсони мансабдор, дарбориён ва мураббиёни босавод буданд; онҳо маҳалҳои аҳолинишин бунёд мекарданд ва корвонҳои тиҷоратиро ба сӯйи Чин, Эрон ва Византия бо молҳои ашрофзодагони турк мебурданд. Таъсири фарҳангии онҳо ба туркҳо

пешина
аз 335
навбатӣ