Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

хеле назаррас буд; асосан, тавассути суғдиҳо туркҳо бо дастовардҳои тамаддунҳои дигари Осиёи Миёна ва Ғарбӣ ошно шуданд».
Тибқи хулосаи муаррихон, сафорати Маниах тавассути хатсайри шимолии (тавассути Қафқоз ва Баҳри Сиёҳ) Шоҳроҳи Абрешим ба пойтахти Рум расид ва онро худи император Юстини II бо эҳтиром пазируфт. Рум аз имзои шартномаи сулҳ на танҳо қонеъ гашт, балки бо сафорати суғдии Маниах, дар соли 568 сафорати ҷавобии худро бо роҳбарии Зимархи Киликиягӣ, «стратеги (фармондеҳи – М. А.) шаҳрҳои шарқии» империя фиристод, эҳтимолан, барои он ки ба қудрати давлати туркҳо ва фаровонии ин кишвар боварӣ ҳосил кунад.
Онҳо ба «кишваре, ки суғдиён зиндагӣ мекарданд, баргаштанд, ки туркҳо ба онҳо (румиҳо) харидани оҳанро пешниҳод карданд», яъне ба Ҳафтрӯд, ки он замон қароргоҳи Хоқони турк буд, баргаштанд. Дар натиҷаи ин сафорат як эътилофи низомии Рум ва Хоқони турк алайҳи Эрон ба вуҷуд омад ва инчунин тасмим гирифта шуд, ки сафорати дувум ба ғарб (Рум) фиристода шавад.
Аз сабаби вафоти Маниах, писари ӯ Тағма, ки ҳанӯз ҷавон буд, мувофиқи иродаи Хоқон, ҷойи дуюмро (ҷойи якум- падараш Маниах) дар сафорат ишғол кард. Вай ин мансабро чун мерос ишғол кард, аз он рӯ, ки хоқон Маниахро шахси наздик ва ба худ содиқ меҳисобид.
Бо сафоратҳои Маниах ва Тағма (писари Маниах) ба ғарб ва Земархи румӣ ба шарқ муносибатҳои дипломатии суғдӣ-туркӣ-румӣ барқарор карда шуд. Дипломатияи «дасти дарози»-и суғдӣ-туркӣ робитаҳои доимиву васеъро дар Авруосиёи паҳновар ба роҳ монд.

пешина
аз 335
навбатӣ