Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Илова бар ин, дар тӯли солҳои ҳамзистии осоишта, мубодилаи мол дар байни халқҳои муқимии Эрони шарқӣ (суғдиҳо, бохтариён, фарғонагиҳо ва ғ.) ва қабилаҳои туркӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоти нассоҷӣ ва дигар маҳсулоти косибии онҳо ба маҳсулоти шириву гӯштии кӯчманчиён иваз карда мешуданд. Халқҳои бодиянишин, инчунин ба суғдиён корвонҳои савдоро дар хатсайрҳои тӯлонии Шоҳроҳи абрешим муҷаҳҳаз гардонида, натанҳо бо нақлиёти боркаш (шутур, асп, хачир ва ғ.), балки бо посбонони мусаллаҳ низ таъмин мекарданд.
Ин робитаҳо ба дараҷае самарабахшу тӯлонӣ буданд, ки суғдиён дар соҳили рости дарёи Сир як қатор шаҳрҳои худро бунёд карданд, ки аз маҷрои миёнаи ин дарёи бузург то соҳили Иссиқкӯли назди Тиёншон тӯл кашиданд. Аз рӯи маълумоти коршиносон, «танҳо дар водии Чуй дар асрҳои VI-VIII ҳадди аққал 18 шаҳри калон ва шумораи зиёди маҳаллаҳои хурд мавҷуд буданд, ки онҳоро суғдиҳо, туркҳо, суриягиҳо, форсҳо бунёд кардаанд». Тарзи зиндагии аҳолии сермиллати соҳили рости Сир ба тарзи ҳаёти аҳолии бумии Варорӯд (аниқтараш, давлати Суғди қадим) мушобеҳ буд. Роҳиби машҳури буддоӣ Сюан-тсзан, ки ин роҳи дарозро дар нимаи аввали асри VII аз ҳавзаи Оксуи ҳавзаи Тарим тавассути ағбаи Тиёншон дар минтақаи Иссиқкӯл то Дарвозаи оҳан (то марзи Суғд бо Бохтар) тай намуд, ягон тафовути мушаххасро эҳсос накард. Вай тамоми ин минтақаи васеъро «Сули», яъне Суғд номид.
Дар ин давра, вақте ки синтези суғдӣ-туркӣ аллакай шакл гирифта буд, аз ғарб арабҳо бо дини нави худ – ислом омаданд, аз ин рӯ, тавре дар боло дида баромада шуд, давлати Суғд, дар тафовут аз дигар минтақаҳои тоҷикон, дар иттифоқ бо туркҳо ба забткорони

пешина
аз 335
навбатӣ