Ҷаҳони Тоҷикон

нав муқовимати сахт нишон дод. Чуноне ки дар оғози ин бахш ишора карда шуд, тибқи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ аз кӯҳи Муғ, дар паҳнои кишварҳои Суғд ва Бохтар алоқаи наздик ва ҳамкории суғдӣ-туркӣ аллакай амалӣ мешуд. Аз ин рӯ, муқовимати суғдиён дар иттифоқи зич бо қабилаҳои туркӣ бар зидди истилогарони араб аз минтақаҳои дигари таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон тӯлонитар ва сахттар гардид.
Пас аз паҳну устувор шудани дини ислом, на шаҳри тиҷоратии Самарқанд, балки Бухоро тадриҷан ба маркази таваҷҷӯҳи рӯҳониёни ислом табдил ёфт. Агар пешвои низомии тоҷик Абӯмуслим на танҳо Варорӯд, балки тамоми Туронро аз ғасби империяи чинии Тан дар давраи ҷанги Талас (751) наҷот дода бошад, пас Сомониён на танҳо хатари эҳтимолиро аз Дашти Бузург бартараф карданд, балки, аксари амирони ин хонавода ба паҳн кардани фарҳанг ва тамаддуни ислом дар ҳудуди бепаҳнои он машғул шуданд.
Таваҷҷуҳи бузурги амирони Сомониён ба сарзаминҳои шимолӣ, ки қабилаҳои туркӣ дар он ҷо афзалият доштанд, аслан замоне ба миён омада буд, ки ду нафар аз чаҳор бародаронҳокимони аввали Сомониён дар вилоятҳои Шош ва Фарғона ҳокимияти худро барқарор кард буданд. Баъди он байни ин вилоятҳои канори ҷаҳони ислом ва ҷаҳони бодиянишинҳо на танҳо сарҳади маъмурӣ, балки тамаддунӣ низ бо заминҳои ин ғайриддинҳои («кофирон») бодиянишинҳо ба миён омад. Бародари калонӣ амир Нӯҳ, ҳокими Самарқанд гардида, чун бузургтарин намояндаи дар сулолаи нуфузаш боло рафтаистода, аллакай соли 840 ба Исфиҷоб (вилояти Шимкенти муосири Қазоқистон) лашкаркашӣ карда, маҳалҳои суғдиҳои соҳили рости Сирдарёро бо боқимонда вилоятҳои Варорӯд дубора пайваст намуда, ба тобеияти худ дароварда буд. Ин лашкаркашӣ на ба оқибатҳои хунин, балки барои ба ҷаҳони тамаддун ва фарҳанги ислом пайвастани он сабаб шуд, чунки сулолаи маҳаллии туркӣ қудрати худро нигоҳ дошта, бо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо