Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

фиристодани андози рамзӣ ба Сомониён имтиёзҳои калонро соҳиб ҳам гашта буд.
Хонаводаи амир Аҳмади Сомонӣ - ҳокими Фарғона дар байни бародарони дигар обрӯ эътибор ва нуфузи худро боло бурда, ба равандҳои Дашти Бузург диққати махсус медод. Агар яке аз аввалин амирон аз Сомониён Нӯҳ барои қатъ кардани ҳамлаҳои қабилаҳои турк ба вилоятҳои дохилии Варорӯд ба соҳили рости Сир лашкар кашида бошад, пас аз ним аср амири дигар Исмоили Сомонӣ аллакай ба шаҳри Тароз юриш мекунад. Ин дафъа ҳадафи асосии ин маърака на пешгирии ҳуҷумҳои ногаҳонӣ кӯчманчиён, балки паҳн кардани дини мубини ислом дар байни қабила ва халқиятҳои туркӣ буд, зеро амир калисои насрониҳои (несторианҳои) дар шаҳр бударо ба масҷиди ҷомеъ табдил медиҳад.
Акнун синтези суғдӣ-туркӣ, ки дар солҳои аввали ҳуҷуми арабҳо коста шуда буд, на танҳо барқарор гардид, балки баъдтар ба сатҳи баландтар – синтези тоҷикӣ-туркӣ тавассути қабули ислом аз ҷониби ҳар ду халқ бардошта шуд. Ин рисолати таърихии Сомониён ва донишмандҳои сершумори тоҷики мусулмон буд, ки тамаддуни исломро дар байни қабилаҳои сершумори туркӣ паҳн мекарданд. Ин синтези тоҷикӣ-туркӣ на танҳо кафолати болоравии фарҳангии қисмати шарқи ҷаҳони ислом, балки оғози паҳншавии он ба минтақаҳои паҳновари Авруосиё гардид. Вақте ки қабила ва халқиятҳои туркӣ тавассути забткориҳо империяҳои бузурги исломиро таъсис доданд, вазирон ва амалдорони баландпоя аз тоҷикон пас аз ин истилоҳо барои ҷорӣ намудани тартибот ва беҳбудии минбаъдаи ин давлатҳои нав даъват карда шуданд, ки дар он ҷо субот ва рушди устуворро таъмин созанд.

пешина
аз 335
навбатӣ