Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

2.6. Такмили амалияи сарпарастӣ аз болои «аҳли қалам»

Суханони коршиноси машҳури рус оид ба Осиёи Марказӣ Лев Гумилёв: «маҳз тоҷиконро сулолаи маҳаллии Сомониён роҳбарӣ мекарданд ва фарҳанги эҷодкардаи онҳо мисли алмос медурахшид, ки дар муқоиса бо он ҳамаи дигарон чанбарак мебошад» нақши ин хонаводаи амиронро дар такмили амалияи исломи давраи аввал-сарпарастӣ нисбати қишри зеҳнии мардуми он («аҳли қалам») хеле дақиқ ва кӯтоҳ тасвир менамояд.
Гарчанде дар бисёр давлатҳои исломии он давра мо ин таҷрибаи ғамхорӣ ба одамони эҷодкор ва илмро мушоҳида менамоем, лекин дар замони Сомониён он ба дараҷаи сиёсати афзалиятноки давлатӣ бардошта шуда буд.
Шарқшиноси маъруфи рус В. В. Бартолд таъкид менамояд:
«Тантанаи фарҳанги мағлубшудагон бар ғолибон маҳз дар қисми буддоии Эрон ба даст омадааст; ахбор дар бораи пайдоиши як намуди мактаби олии динии исломӣ- мадраса, дар бораи ватани аввалин мусулмонон-суфиён дар Осиёи Миёна, дар бораи эҳёи забон ва адабиёти форсӣ дар Осиёи Миёна ба ҳамин Эрони буддоӣ ишора мешавад» .
Ба андешаи мо, ба даст овардани чунин қуллаҳои баланди илм, фарҳанг ва адабиёт, пеш аз ҳама, ба шарофати бекор гардидани «лаънати» хат (навиштаҷот) дар зардуштия, ки дар суннати он хат «ғайриқонунӣ» буда, интиқоли шифоҳии иттилоот васеъ татбиқ карда мешуд, имконпазир гардид. Шомил шудани зардуштиён, ниёгони халқи тоҷик, ки асосан интиқоли шифоҳии иттилоотро сахт риоя мекарданд, ба қатори «халқҳои хаттӣ»
(«халқҳои китобдор») аз ҷониби таълимоти ислом, яке аз

пешина
аз 335
навбатӣ