Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

суръатбахши асосии табдили Варорӯд ва Хуросон ба маркази илм ва фарҳанг дар давраи Сомониён ба шумор меравад.
Анъанаи шифоҳӣ, ки пеш аз ислом ривоҷ ёфта буд, интиқоли иттилоот байни наслҳо ба таври шифоҳӣ, аз хотира, бо усулҳои тағйирдиҳӣ мебошад, ки мутаассифона, барои таҳриф ва аз худ бофта баровардан фазои кушод мемонад. Агар дар дигар халқҳои қадим пеш аз пайдоиши хат маҳз дар шакли шифоҳӣ таҷрибаи иҷтимоӣ, донишҳо дар бораи гузашта ҳифз гашта ва аз насл ба насл мегузаштанд, пас гузаштагони халқи тоҷик онро дар муддати тӯлонӣ (то нимаи асри миёна) барои анъанаи зардуштӣ нигоҳ медоштанд. Таърихи шифоҳӣ дар шакли ривоятҳо, достонҳо ва шаҷараҳои наслӣ шакли аввалини афкори таърихии халқҳои қадим буд ва баъдтар ҷамъ овардани он дар китоби муқаддаси зардуштиён «Авасто» далели ин амал мебошад.
Анъанаи шифоӣ ба андозаи зиёд, бо истифода аз ангезаҳо ва воситаҳои бадеӣ, тасвири ҳодисаҳои воқеии таърихӣ, бо тахайюлоти халқӣ орододашуда ва иловагардида, метавонист аз воқеият хеле дур гардад. Анъанаи шифоҳӣ дар рушди динҳо, алахусус дар дини зардуштӣ, ки сабти матнҳо дар ибтидо таҷриба карда намешуд, нақши бузург дошт. Навиштани матн баробари «ба тартиби муайян даровардани таърих» (кодификатсия)-и он буд, ки минбаъд манъ кардани тағйиротро дар назар дошт. Аз ин рӯ, барои он, ки маълумоти сабтшуда воқеияту эътибори матнҳои хаттии аллакай мавҷудбударо тағйир надиҳад, тафсир бояд шифоӣ бошад. Барои ҳамин, масалан, дар байни муҳаққиқон, ҳам аз ҷиҳати муайян намудани ватан ва ҳам замони зиндагии Паёмбари аввалини дини тавҳидӣ – зардуштия Зардушт фикри ягона мавҷуд нест. Аз ин рӯ, ҳар як муҳаққиқи ҷиддӣ далели худро дар бораи рӯзгори ин аввалин Паёмбари халқи тоҷик ба

пешина
аз 335
навбатӣ