Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

миён мегузорад. Мутахассиси шинохтаи масоили зардуштия Мэри Бойс давраи зиндагии Зардуштро ба миёнаи ҳазораи II пеш аз милод нисбат медиҳад. Мо ба мавқеи коршиноси рус И.В.
Пянков, ки дар асоси санҷиши мунаққиди суннатҳои зардуштӣ, вақте ки замони воқеии паёмбари зардуштиро ба замони баъдтар (660-583 то милод) рабт медиҳад, бовар дорем. Муаллифи китоби машҳури «Тоҷикон» академик Бобоҷон Ғафуров иқрор мекунад, ки Бохтар вилояте буд, ки дар он ҷо «зардуштия яке аз аввалинҳо шуда, хеле барвақт паҳн шудааст». Вале донандаи хуби Ориёнои қадим И.В. Пянков, хатсайри сафари Зардуштро ба Бохтари қадим бодиққат муқоиса карда, ба хулосае омадааст, ки ватани аҷдодии ӯСуғд аст.
Ҳатто пас аз пайдоиши хат дар Эрон, Хуросон ва Варорӯд дар тӯли ҳазорсолаҳо усули асосии интиқоли матнҳои зардуштӣ ба таври гуфторӣ (шифоҳӣ) боқӣ монда, нигаҳбонони матн коҳинон (мубадон) буданд. Агарчи мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои паҳлавӣ, ваҳйе, ки Зардушт аз Аҳуромаздо гирифтааст, зери сарпарастии шоҳи Каёниён Кави Виштасп (ҳокими Бохтари қадим) ҷамъоварӣ карда шуда, дар пӯсти 200 ҳазор барзагов сабт гардидааст, ки бо фармоиши Искандари Мақдунӣ зери оташ нобуд шудаанд ва як қисми дигарашон тибқи ин маълумотҳо ба забони юнонӣ тарҷума шудааст. Даврони пайдоиши матни аслии хаттии китоби «Авасто» таърихи хеле дертар дорад (асри III то м.). Сарфи назар аз ин воқеияти

пешина
аз 335
навбатӣ