Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

таърихӣ, ки анъанаи маъруфи сабти хаттии маълумот танҳо ба замони охири ҳукмронии Сосониён, яъне дар асрҳои V-VI пайдо шуд, ки барои навиштани китоб, алифбои махсуси фонетикии авастоӣ ихтироъ карда шуд, аммо ҳатто баъд аз он суннати авастоӣ то замони пайдоиши ислом анъанаи шифоҳиро, асосан, нигоҳ дошт.
Ҳамин тариқ, то замони пайдоиши дини ислом ва паҳн шудани он дар саросари Эрон ва минтақаҳои таърихиву фарҳангии ниёгони халқи тоҷик (Хуросон ва Варорӯд), дар тӯли зиёда аз ду ҳазорсола як қабати азими маводи иттилоотӣ дар бораи зиндагии гуногунҷабҳаи ниёгони тоҷик ҷамъ шуда буд.
Сарфи назар аз таҳрифоти замонӣ ва ҳудудии худ, онҳо то замони инъикоси васеи хаттии худ расида омаданд.
Гарчанде дар давраи пеш аз ислом, забонҳои суғдӣ ва бохтарӣ ба баъзе дастовардҳо ноил гаштанд, вақте ки матнҳои буддоӣ, несторианӣ ва монавӣ ба ин забонҳо дар минтақаҳои калони шарқи Авруосиё васеъ паҳн мешуданд, аммо дини ҳукмфармои ин даврон– зардуштияи гузаштагони мо бо анъанаҳои шифоҳии худ, неру ва тавоноии мардумро барои гузаштан ба сабти хаттии он бағоҷи азими илмӣ ва фарҳангии дар тӯли ҳазорсолаҳои ҳаёти фарҳангии дар қалби Авруосиё ҷамъшуда, маҳдуд мекард.
То замони густариши ислом, дини зардуштӣ як табақаи нисбатан калони афзалиятдошта аз ашхоси олирутбаи давлат – рӯҳониён (мубадҳо)-ро ба вуҷуд овард, ки барандагони анъанаи ҳазорсолаи интиқоли шифоҳии борҷомаи бузурги маводи таърихӣ, фарҳангӣ ва маълумоти дигар буданд, ки на ҳамаи онҳо дар паноҳи дини ниёгони худ монданд. Гузариши пайдарпаи онҳо ба дини ислом бо афзоиши тадриҷии фарҳанги исломӣ такон бахшид. Ин ақида дар тасвири ҳаёт ва фаъолияти яке аз нахустин нависандагони эронитабори араб Рӯзбеҳ Дадое (солҳои тақрибан

пешина
аз 335
навбатӣ