Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

724-759) тасдиқи худро меёбад. Ин намояндаи як хонаводаи ашрофзодаи эронӣ аз падари худ машварат гирифтааст, ки дини исломро қабул кунад ва ба хизмати давлатӣ ворид шавад, баъдан номи мусулмонӣ Абдуллоҳ ибни Муқаффаъро мегирад. Дар шаҳри Басра, ки қароргоҳи волии кишварҳои шарқи хилофат буд, бо забони арабӣ маълумоти зарурӣ гирифта, ба хидмати арабҳо ворид мешавад. Ҳамчун дабири Исо ибни Алӣ, амаки халифа Мансур, ӯ ба тарҷумаи «Категорияҳо»-и Арасту, «Худойнома» (тимсоли «Шоҳнома») ва «Калила ва Димна» ба забони арабӣ машғул шуд. Асари охирин аз нусхаи тарҷумаи ӯ ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст. Хидмати асосии ин нависанда дар он аст, ки ӯ дар ибтидои паҳншавии фарҳанги исломӣ пешсафи шумораи зиёди мутафаккирони эронӣ гардид, ки онҳо дар эҷодиёташон беҳтарин намунаҳои халқҳои қадимаи эрон, ҳиндӣ ва юнониро ҷамъоварӣ карданд. Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ «Худойнома»-ро аз забони паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума кард, ки пас аз он ин асар барои тамоми ҷаҳони ислом дастрас шуд, вале то замони мо омада нарасид. Ин аввалин кӯшиши эҷоди ёдгории асосии хаттии халқҳои эронӣ буд, ки зиёда аз 250 сол пеш аз эҷоди Фирдавсии бузург ба амал омада буд.
Пас аз истиқрори қатъии ислом дар шарқи хилофат, чуноне дар боло ишора гардид, вазирони хирадманди хилофати Аббосиён, собиқ буддоиҳо- Бармакиён иштибоҳи таърих нисбати гузаштагони халқи тоҷик (набудани анъанаи пурраи инъикоси хаттии маълумотҳо) ҳадафмандона ислоҳ карда, тавассути инъикоси хаттӣ болоравии бесобиқаи фарҳанги ниёгони халқи тоҷикро ба маҷрои дуруст равона карданд.
Фаъолияти васеи тарҷумонии афкори илмии гузаштагони халқҳои қадимаи юнонӣ, суриягӣ, ҳиндӣ ва дигар халқҳо таҳти

пешина
аз 335
навбатӣ