Ҷаҳони Тоҷикон

анъанаи хуб ба Сомониёни баландмаърифат омада расид.
Эстафетаи фарҳангии «Бағдод-Нишопур-Бухоро» имкон дод, ки ин анъана натанҳо аз ҷониби амирони хонаводаи Сомониён ҳифз карда шавад, балки он дар Варорӯд ва Хуросон низ ба авҷи аъло расад.
Дар ин ҷо бояд таъкид кард, ки нақши истисноии аввалин мусулмонон (муҳоҷирон ва ансорон) дар густариши исломи ибтидоӣ боиси бадбинии онҳо нисбати мусулмонони нав – маволӣ (ғуломон, муштариён) гардид, ки аксарияти онҳо аз шарқи хилофат буданд, ки онҳоро ба таври таҳқиромез аҷамӣ («гунг», «ғайриараб») меномиданд. Бешубҳа, тавре ки дар боло қайд шуд, мардуми шарқи Эрон, пеш аз ҳама тоҷикон, ҳангоми қабули дини нав ҳамзамон барои ҳифзи забони модарии худ тамоми чораҳои имконпазирро андешиданд. Дар ин ҳаракати оммавӣ як ҷунбиши фарҳангӣ бо номи «шуубия» (арабӣ «халқ, мардум») ба вуҷуд омад, ки эроншиноси маъруфи олмонӣ Бертран Фрагнер онро одилона ба ҳайси «шуури коллективонаи мардумӣ» мешуморад. Ин «шуури дастаҷамъии мардумӣ» бо сардории Бармакиёни донишманд ба дараҷае хуб фаъолият намуд, ки аҷамӣ дар маркази хилофат аз номи нахуст таҳқиромез ба номи пуршарафи халқи тоҷик мубаддал гашт, ки халифаҳои барҷаста (Ҳорун ар-Рашид) ба онҳо ҳасад мебурданд. Чун мутахассис қайд кардааст: «(онҳо) дар бораи худ ҳамчун ворисони анъанаи баланди фарҳангӣ сухан мегуфтанд ва метавонистанд бо ҳисси афзалият аз писарони биёбони араб, ки борҷомаи хоксоронаи фарҳангии худро ошкор кардаанд, фосила бигиранд».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо