Ҷаҳони Тоҷикон

Ҳамин тариқ, дар даврони ҳукмронии Сомониён, мавҷудияти давлати мутамарказ, ки ба қишри калони баргузидаи анъанавӣ дар шахси деҳқонон (заминдорони калон) ва тоҷирони сарватманд (Шоҳроҳи Абрешимро дар ихтиёри худ дошта) такя мекард, ҳангоми пешбурди сиёсати андози мутавозин, чун пойдевори мустаҳкаме хизмат намуд, ки дар болои он таҷрибаи машҳури сарпарастӣ нисбати «аҳли қалам» ташаккул ёфт.
Маълум аст, ки «сарпарастӣ» («метсенатство») аз номи ашрофи римӣ Гай Метсенат, ки ҳомии шоирон ва рассомони замони худ буд, гирифта шудааст. Бо мурури замон, сарпарастони сарватманди намояндагони фарҳанг, санъат ва илмро ҳомиён меномиданд. Бисёре аз онҳо (ҳамчун оилаи Медичи дар Флоренсия) дар радифи рассомон, олимон, нависандагони барҷаста ба таърихи фарҳанг ворид шуданд, зеро онҳо ба рушди эҷодиёти онҳо, гул-гул шукуфии санъат ва ҷалби оммаи васеъ ба дастовардҳои беҳтарини фарҳангӣ саҳми назаррас доранд.
Ба андешаи мо, саҳми амирони Сомониён дар Шарқ аз хидматҳои хонаводаи машҳури Медичӣ дар ғарб кам нест, зеро вусъати фаъолияти онҳо аз доираи як шаҳр, тамоми кишвар, як минтақа хеле берун рафта буд.
Чуноне Низомулмулк иттилоъ медиҳад, ба Амир Исмоили Сомонӣ натанҳо ғамхорӣ дар ҳаққи «аҳли қалам», балки дар маҷмӯъ дар бораи тамоми табааи давлат хос буд, зеро вай одати дар фасли зимистон ба асп савор шуда, аз қаср ба ҳавлиҳои наздик аз вазъи муроҷиаткунандагон, ки ба қасри амир бо шикоятҳо ё дархостҳои гуногун меомаданд, рафтан ва шинос шуданро дошт. Хизмати шоистаи асосии Исмоили Сомонӣ дар он аст, ки амир давлати мутамарказ ва устуворро бо бюрократияи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо