Ҷаҳони Тоҷикон

дараҷаи олӣ, ки дар он замон (асри Х) яке аз ободтарин давлатҳои ҷаҳон маҳсуб меёфт, таъсис дод, ки бисёре аз «аҳли қалам»-ро ба он ҷо ҷалб мекард.
Салтанати набераи ӯ Насри II (914-943) бошад, «давраи тиллоӣ»-и замони ҳукмронии Сомониён маҳсуб меёбад. Аллакай аз замони оғози ҳукмронии ин хонавода бюрократияи Сомониён тасдиқ гардида, ба хурдсолии амир (ӯ ҳамагӣ ҳаштсола буд) ва муборизаи хешовандони ӯ барои қудрат нигоҳ накарда, он дақиқ ва мӯътадил амал мекард. Асрори ин вазъияти эътидол, ки тақрибан сеяки аср идома дошт, дар он буд, ки аз номи амир ду вазири машҳур – Абуабдуллоҳ Ҷайҳонӣ (914-922, 938-941) ва Абулфазл Балъамӣ (922-938) ҳукуматро идора мекарданд. Онҳо, асосан, барои гул-гулшукуфии адабиёт, фарҳанг ва илм дар давлати Сомониён масъул буданд.
Вазири бузург Ҷайҳонӣ як фарди маърифатпарвар ва ҷуғрофидони номдор буд. Агарчи асари ҷуғрофии ӯ («Китоби роҳҳо ва кишварҳо») то ба мо нарасидааст, лекин порчаҳо аз он ба асарҳои муаллифони дигари асримиёнагӣ ворид гардидаанд.
Вай маълумоти ҷуғрофиро аз ҳоҷиён, тоҷирон ва дигарон, ки ба кишварҳои исломӣ ё қад-қади Шоҳроҳи абрешим сафар мекарданд, ҷамъоварӣ менамуд. Таваҷҷуҳи ӯ танҳо бо илми ҷуғрофӣ маҳдуд нагардида, вай бо дигар илмҳои замони худ низ шуғл дошт, вале осори ӯ, мутаассифона, то имрӯз боқӣ намондааст. Машғул гардидани бузургтарин вазири давлати рушдкардаистодаи Сомониён ба илмҳои муосир, дар замони коҳиш ёфтани аҳамияти фарҳангии Бағдод, барои табдил додани Бухоро ба маркази илми ҷаҳони ислом мусоидат кард, ки дар ин давлат бисёр олимон, мунаҷимон ва дигар намояндагони «аҳли

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо