Ҷаҳони Тоҷикон

қалам»-ро ҷамъ овард. Абуфазл Балъамӣ, ки Ҷайҳониро ҳамчун вазири бузурги Сомониён дар мансаб иваз кардааст, инчунин шахси бомаърифат буд ва таҷрибаи пешгузаштаи худро дар мавриди сарпарастии аҳли илму фарҳанг идома дод.
Аз тамоми номгӯйи илму адабиёт, адабиёти тоҷик, ки аз «лаънати хаттӣ»-и зардуштия раҳо ёфта, дар заминаи забони ягонаи тоҷикӣ (дарӣ) эҷод мегардид, ба қуллаҳои баландтарин расид. Асосгузори адабиёти тоҷик Абуабдулло Ҷаъфар Рӯдакӣ (вафоташ с. 941), ки дар деҳаи кӯҳистонии маркази давлати Сомониён (Панҷрӯди Заравшон) таваллуд шудааст, ба сабаби қобилияти барҷастаи шоирӣ ва мусиқии худ ба дарбори амир Насри II даъват шудааст. Фаъолияти ӯро дар дарбори амир ба ҷуз аз эҷоди ашъори олӣ, инчунин мураббигии шоирони ҷавон, ки дар дарбори амир ҷамъ омада буданд, ташкил мекард, аз ин рӯ, на танҳо ҳамзамононаш, балки шоирони барҷастаи тоҷику форси садсолаҳои баъдин ӯро устоди худ мешумориданд . Ҳамчун намунаи барҷастаи ба даст овардани қуллаҳои бесобиқаи адабиёти тоҷик бевосита дар даврони рӯзгори асосгузори он Рӯдакӣ, як ҳодисаи таърихӣ хизмат мекунад. Амир Насри II мулкҳои ғарбии худро дар Хуросон аз назар гузаронида, якчанд моҳ дар шаҳри Ҳирот мемонад. Ягон касе (на вазири бузург, на пешвоёни ҳарбӣ ва на дигарон) ӯро барои бозгаштан ба пойтахти худ маҷбур карда натавонист, танҳо Рӯдакӣ, бо рамз бузургии ҷойгоҳи (Ҷӯйи Муллиён) дар Бухоро, ки дар атрофаш қаср ва девонҳои амир дар Бухорои шариф воқеъ буд, суруда, ин корро карда тавонист ва амирро ба Ватан баргардонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо