Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки дар байни ҳамзамонони Рӯдакии бузург, ба мисли Абулҳасан Шаҳиди Балхӣ, Абушакур Балхӣ ва садҳо шоирони дигар ва Робиа Балхӣ, аввалин шоираи барои мо маълум, бо забони модарии тоҷикии худ эҷод мекарданд. Ин далели таърихӣ аз фазои шоирона доштани даври Сомониён шаҳодат медиҳад, ки тавонистааст намояндаи эҷодкори ҷинси латифро низ фаро гирад. Нуктаи баландтарини парвози баланди адабиёти тоҷик дар даврони Сомониён, бешубҳа, асари ҷовидона- «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузург аст, ки дар худ осори қариб се ҳазорсолаи эҷодиёти шифоҳии ниёгони тоҷикро (аз шоҳаншоҳони афсонавии тоҷикон- Пешдодиён то сулолаи охирини тоисломӣ -Сосониён) гирд овардааст. Агар «Куллиёт”-и устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар дарбори худи амири Сомониён эҷод шуда бошад, пас «Шоҳнома»-и устод Абулқосим Фирдавсӣ таҳти сарпарастии волии Сомониён Абумансур Абдураззоқ дар шаҳри Тус эҷод карда шудааст. Ин маънои тадриҷан паҳн шудани амалияи сарпарастӣ аз марказ то ба тамоми шаҳру вилоят ва дигар канораҳои давлати азимро дорад. Муаллифони «Таърихи Кембриҷии Эрон» хабар медиҳанд, ки «олимон дар дарбори Бухоро ва дар дарборҳои музофотии Сомониён, ки суннати Бухороро нусхабардорӣ мекарданд, дилхоҳ буда, хуш мепазируфтанд. Шоирон ва достонсароён низ хуш пазируфта шуданд, ки маъруфтаринашон Дақиқӣ буд». Ба вай, ба аввалин муаллифе, ки кӯшиш дошт, ривоятҳои мардумии халқи тоҷикро баён намояд, ба мисли бисёр мутафаккирони он замон, озодфикрӣ хос буд, ки «ошкоро мегӯяд, ки май, лабҳои маҳбубаи худ ва таълимоти Зардуштӣ аз ҳама чизе афзалтар аст».

пешина
аз 335
навбатӣ