Ҷаҳони Тоҷикон

анҷом додааст. Мутахассиси дар боло зикршуда махсус таъкид мекунад: «дар адабиёти ҷаҳонӣ он (“Шоҳнома” – М. А.) комилан, ягона аст, зеро кулли дигар халқҳои бузург айёми гулгулшукуфии ҳаёти сиёсии худро дар замоне сар карданд, ки ҷаззобии хамоса (эпос) аллакай аз ҳисоби китобпарастӣ хароб шуда буд» .
Адабиёти тоҷик, ки аллакай дар даврони асосгузори худ (Рӯдакӣ) ба қуллаҳои бесобиқа баромадааст, дар он қулла чандин садсолаҳо боз натанҳо дар Варорӯд ва Хуросон, балки ба соҳили халиҷи Бангола дар ҷанубу шарқ ва гулугоҳи Босфор дар ғарб низ расида, ба шарофати идома додани суннатҳои Сомониён аз ҷониби ворисони онҳо, ки дар симои султонҳои Бангола ва салҷуқӣ-усмонӣ, боқӣ монд.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи ҷуғрофия ва минтақашиносӣ дар дарбори амир бо ибтикори вазири бузург Абӯабдулло Ҷайҳонӣ, муаллифи «Китоби роҳҳо ва давлатҳо», боиси ба дарбори Бухоро даъват шудани бисёр олимон-ҷуғрофидонҳо гардид, ки дар байни онҳо Абузайди Балхӣ, шогирди файласуфи маъруф Ал-Киндӣ, мавқеи хосса дорад. Вай харитаҳои ҷуғрофӣ ва шарҳҳои онҳоро низ таҳия мекард. Асари ӯ зери таҳрири ду ҷуғрофидони маъруфи дигар Абуисҳоқ Истаҳрӣ (с. 951) ва Абулқосим ибни Ҳавқал (с.
976), ки дар кишварҳои ғарбии хилофат зиндагӣ мекарданд ва ба навбат аз Варорӯд дидан карда буданд, то ба мо расидааст. Яке аз ҷуғрофидонҳои маъруфи он замон Шамсиддин Абӯабдуллоҳи Мақдисӣ (с. 985) буд, ки дар бораи кори вазири бузург мусбат ҳарф задаст. Вай навиштааст: «Муаллиф хориҷиёнро ҷамъ оварда, аз онҳо дар бораи салтанатҳо, чӣ гуна ба онҳо расидан, роҳҳо ба сӯйи онҳо, инчунин дар бораи баландии ситораҳо ва дарозии соя дар кишвари онҳо пурсон шудааст, ки зимни

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо