Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

вилоятҳоро фатҳ кардан донистани роҳҳои ба онҳо наздик шудан, инчунин ситораҳо ва гардиши фалакро ба хубӣ донистан корро осон менамуд. Маълум аст, ки ӯ ҷаҳонро ба ҳафт иқлим (минтақа) тақсим кард ва барои ҳар як иқлим ситораеро муайян кард». Нақши вазири бузург Ҷайҳонӣ дар илми ҷуғрофия то ба дараҷае баланд буд, ки ҷуғрофидонҳои минбаъда ӯро бо ҷуғрофидони машҳур Ибни Хурдодбеҳ муқоиса карда, осори онҳоро барои тавсеаи дониши ҷуғрофии он замон истифода мебурданд. Шавқу завқ нисбат ба илми ҷуғрофия ва машғул будани бисёриҳо дар давраи Сомониён наметавонист ба эҷоди асари машҳури «Ҳудуд-ал-олам» («Сарҳади ҷаҳон»-и муаллифи номаълум) боис нагардад, ки дар он Варорӯд ва Хуросон дар маркази ҷаҳони аҳолинишини онвақта ҷой дода шудаанд. Ин асар, ки ба забони тоҷикӣ (солҳои 982-983) навишта шудааст, ба яке аз волиёни Сомониён, ҳокими Гузгон Абулҳарис Муҳаммад ибни Фариғун бахшида шуда, дар муқоиса бо асари арабӣ аз ҷаҳони ислом берун баромада, Варорӯд ва Хуросонро дар маркази олами аҳолинишин гузоштааст.
Илми таърих низ дар ин давра босуръат ва ҳаматарафа рушд мекард. То оғози ҳукмронии давлати Сомониён, таърихи давраи пеш аз мусулмонӣ ва солҳои аввали паҳншавии ислом бо забони арабӣ аз ҷониби Муҳаммад Табарӣ, эронӣ аз вилояти Табаристон (минтақаи назди баҳри Каспий, ки ба давлати Сомониён мутаалиқ буд), дар «Таърихи подшоҳон ва паёмбарон» навишта шуда буд.
Наздик кардани ривоятҳои эронӣ бо мавзӯъҳои инҷилӣ асоси ин асари таърихи ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Дар ин ҷо бояд таъкид кард, ки муаррифии таърихи ҷаҳон бар асоси эронсентризм (Эрон –меҳвари ҷаҳон) ифода ёфта буд,

пешина
аз 335
навбатӣ