Ҷаҳони Тоҷикон

зеро империяи (давлати абарқудрати) ҷаҳонӣ на ҳамчун румӣ ё чинӣ, балки эронӣ (Ҳахоманишиён, Сосониён) эътироф карда шуда буд. Бартарии ин мардум нисбат ба ҳамаи дигар халқҳо дар идоракунии давлат, юнониҳою ҳиндуҳо дар илм, туркҳо дар корҳои ҳарбӣ, чиниҳо дар истеҳсолоти саноатӣ ва арабҳо танҳо дар суханварӣ эътироф гардидааст.
Дере нагузашта, дарбори Сомониён тарҷумаи ин асар («Таърихи Табарӣ”)-ро ба забони тоҷикӣ зарур донист. Вазири бузурги давлат, писари вазири машҳур (Абуфазл Балъамӣ) Абуалӣ Муҳаммад Балъамӣ соли 963 ӯҳдадор шуд, ки ин асари маъруфи таърихии Табариро ба забони тоҷикӣ тарҷума кунад.
Вай фаъолияти тарҷумонии худро ба ин тарз шарҳ дод, то «амир ва атрофиёнаш, инчунин онҳое, ки мехостанд маънои ин китобро хонанд ва фаҳманд, душворӣ (ё нороҳатӣ) надошта бошанд» .
Яке аз таърихнигорони барҷастаи давраи Сомониён Абубакри Наршахӣ (ваф. 959), муаллифи асари машҳури «Таърихи Бухоро» ба забони арабӣ буд, ки асари ӯро соли 1128 Абумансур Кубавӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда буд. Ин асари таърихӣ сарчашмаи ивазнашавандаи ҳаёти иҷтимоию сиёсии Бухоро ва минтақаҳои Варорӯди ин давраи пуршараф то имрӯз ба шумор меравад.
Ин анъанаи тасвири таърихи як шаҳр ё минтақаи мушаххас, ки ба он Абубакри Наршахӣ ва пешгузаштаи ӯ Абӯабдуллоҳи Бухорӣ (ваф. 924) бунёд гузошта буданд, аз тарафи муаллифони минбаъда идома ёфт. Таърихнигорон аз муаллифони зерин ва асарҳои онҳо иттилоъ медиҳанд: Абуабдуллоҳ Гундҷор (ваф.
1021) дар бораи таърихи Бухоро; Абубакр Мансур Берсахӣ дар бораи таърихи Бухоро; Абусаид ал-Идрисӣ (ваф.1015) дар бораи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо