Ҷаҳони Тоҷикон

таърихи Бухоро ва Самарқанд; Абуҳафс Умари Насафӣ (вафот 1142) дар бораи таърихи Самарқанд; Абулҳарис ал-Версинӣ (ваф.
927) «Китобе дар бораи рақобати мардуми Кеш ва Насаф»; Абуабдуллоҳ ал-Байи ан-Нисобурӣ (вафот 1014) дар бораи таърихи уламои шаҳри Нишопур (дар VIII ҷилд); Абуаҳмад ал- Қофӣ (ваф. 957) дар бораи таърихи Хоразм ва дигарон.
Анъанаи баёни рӯйдодҳои таърихии гузаштаи Табарӣ, Наршахӣ ва дигар муаррихони давраи Сомониён барои наслҳои баъдӣ, ки дар тӯли садсолаҳои зиёд идома ёфтааст, намуна шуда буд.
Намояндаи барҷастаи ҷаҳони туркҳо Абунасри Форобӣ (с.
870-950), ки аз синтези тоҷикӣ-туркӣ ва бартарии фарҳангии шарқи ислом ба таври аъло истифода кардааст, ҳамчун давомдиҳандаи сазовори мероси илмии Арасту амал кардааст.
Вай, ки дар оилаи пешвои ҳарбии турк ба дунё омадааст, ба ҷои корҳои низомӣ роҳи худомӯзиро интихоб намуда, дар ҷустуҷӯи мураббиёни арзанда ба Димишқ ва Бағдод сафар кардааст. Дар пойтахти хилофат ӯ бо илмҳои олӣ, аз ҷумла бо мероси мутафаккирони Юнони қадим робита пайдо кард. Вай ба сифати яке аз файласуфони бузург ба забони арабӣ эҷод кардааст ва дар байни асарҳои сершумори ӯ «Нигоҳҳои сокинони шаҳри комил»
ҷудо шуда меистад. Дар мавриди сохтори ҳукумат, вай чунин ақида дошт, ки «агар ҳамаи сифатҳои барои ҳоким зарурӣ дар як шахс муттаҳид шуда бошанд, пас қудрат бояд ба ин шахс дода шавад, агар чунин шахс вуҷуд надошта бошад, пас бояд гуруҳ (комиссия) аз якчанд нафар таъсис дода шавад, то ки, агар ҳар яке дар алоҳидагӣ ин қобилиятро надошта бошанд, пас ҳамаи онҳо якҷоя бояд ба ин сифатҳои зарурӣ соҳиб бошанд». Оид ба тарзи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо