Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин нобиғаи андешаи Дашти Бузург, ки дар оилаи низомии турк ба дунё омадааст, дар муҳити баланди фарҳанги тоҷикӣ (суғдӣ) тарбия ёфта, ба забони арабӣ офаридааст, на танҳо давомдиҳандаи ғояҳои Арасту буд, балки ба дараҷаи парвози фикронии на камтар аз ин мутафаккири машҳури Юнони қадим расид.
Рушди илмҳои дақиқ дар давраи Сомониён низ аз фанҳои гуманитарӣ қафо намондааст. Муаллифи асрҳои миёна Саалибӣ фазои илмии пойтахти давлати Сомониён Бухороро чунин тавсиф кардааст: «Маъвои шукӯҳ, Каъбаи салтанат, макони сукунати одамони барҷастаи давр».
Рушди пурқудрати математика бо машғул гардидани Абуабдуллоҳ Муҳаммади Хоразмӣ (с. 780-850), ки ба замони интиқоли қудрат аз Тоҳириён ба Сомониён рост меояд, вобаста буд. Ин риёзидони бузург, ки тақрибан ним аср дар пойтахти хилофат фаъолият дошт, ба гуфтаи муҳаққиқ: «ин олими барҷастаю боистеъдод алгебраро ба низом дароварда ба он номашро гузошт ва дар ин раванд усули дастрас барои ҳалли баробариҳои хаттӣ ва квадратӣ, ки алгебраро воқеан дар муддати ним ҳазор сол мушаххас карда буд, пешниҳод кард. Вай соҳаи тригонометрияи фазоиро кушод ва ҳамчунин тарафдори асосӣ барои водор кардани арабҳо ва баъдан аврупоиён қабул кардани низоми даҳгонии ҳиндии ададҳо (ки ҳозир ғалат арабӣ номида мешавад) ва мафҳуми навоваронаи сифр (ки олмекҳо дар Мексика низ дарёфт карда буданд) ва шумораҳои манфӣ буд.
Услубе, ки ӯ барои ҳалли масъалаҳои ҳисоб, бо истифода аз ададҳои ҳиндӣ (“арабӣ”) густариш дода буд, муҷиби номаш гардид- ғалат аз шакли аллакай ғалати лотинӣ, ки ба мафҳуми «алгоритм» дода шуда буд, имрӯз беҳтар ҳамчун дастуроти мушаххас маълум аст, ки ба компютер имконияти беҳтар чудо

пешина
аз 335
навбатӣ