Ҷаҳони Тоҷикон

кардани таъдоди бешумори иттилоот барои ба натичаҳои фоиданок расиданро медиҳад. Дар байни дастовардҳои сершумори дигари ӯ иттилооти дақиқ дар бораи арз ва тӯли 2 402 ҷой дар кураи Замин мебошад, ки Хоразми хеле бештар аз кас пеш аз худ чамъ кардааст» .
Ситорашиноси (астрономи) бузург Абу Маҳмуди Хуҷандӣ, зодаи шаҳри шимоли Тоҷикистон дар соҳили Сир, ба мисли Абӯабдуллоҳи Хоразмӣ, натанҳо дар хилофат, балки дар илми ҷаҳонӣ низ шуҳрат пайдо кардааст. Ӯ воқеан ихтироъкори асбоби муҳими астрономӣ- устурлоб (астролабия) ҳисобида мешавад.
Абу Маҳмуди Хуҷандӣ, ки дар Бухоро таҳсил карда, баъдтар ба дарбори Оли Бӯйя, ҳамсояи ғарбии Сомониён, бо пойтахт дар Рай (наздикии Теҳрони муосир) кӯч баст. Дар ин ҷо ӯ, ба гуфтаи муҳаққиқон, «навъи нави секстанти (судс) нави худро барои муайян кардани кунҷи буриш байни мадори замин ва буриши экватор (ки «дараҷаи тамоюли эклиптикӣ» номида мешавад) ихтироъ карда буд. Тавассути чен кардани баландии меридиани Офтоб дар ду дарозтарин рӯз (зимистон ва тобистон), Хуҷандӣ дар бораи ҳамин меҳварӣ ба хулосае омадаст, ки амиқтар аз ҳамаи онҳое, ки пеш аз ӯ ин амалро анҷом додаанд, буд, аммо он аз тарафи нобиғаи дигар аз Осиёи Маркази-Берунӣ беэътибор дониста шуд. Ба ғайр аз нуҷум, Хуҷандӣ ҳамчун кашфкунандаи эҳтимолии қонуни синусҳо барои секунчаҳои фазоӣ, баробарӣ, ки вобастагии дарозии тарафҳои секунчаро ба синуси кунчҳои он муайян кардааст, гиромӣ дошта мешавад».
Математики бузург Абулвафои Бузҷонӣ (с.940-998), ки зодаи Хуросон аст, аввал дар Бағдод илм омӯхт ва баъдтар ба вилояти Хоразми давлати Сомониён кӯчида омад ва дар он ҷо анъанаи математикии таъсисдодаи Абуабдуллоҳи Хоразмиро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо