Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

босуръат рушд кардааст. Алӣ ибни Саҳл Раббан ат-Табарӣ (838- 870), аз Хуросон поягузори муолиҷа ва пешгирии касалиҳои кӯдакон (соҳаи педиатрия) мебошад. Тавре мутахассисон қайд мекунанд: «Табарӣ, аз оилаи маъруфи яҳудии Марв буда, мустақиман солимии равонӣ, манбаъҳои вазъияти рӯҳии баъзе бемориҳо ва имконияти табобати ҳолатҳои муайян тавассути муоширати терапевтии табиб ва бемор – дар маҷмӯъ, психотерапияро омӯхтааст». Шогирди машҳури ӯ Закариё Розӣ аз шаҳри Рай (с. 865-925) бошад, мувофиқи маълумоти муҳаққиқон, дар татбиқи хулосаҳои мантиқ ва ақл дар дин ҷасорати бузургтарин нишон додааст. Розӣ ҳамчун аввалин озмоишгари ҳақиқӣ ва маърифатноктарин олими корозмудаи тиб пеш аз Ибни Сино шинохта шудааст. Вай дар Марв таҳсил карда, муаллимонаш зодагони Осиёи Миёна буданд, ҳокиме, ки Сомониён аз Бухоро фиристода буданд, ба навиштани маҷмӯаи бузурги тибб ба вай фармуда буд. Закариё Розӣ «падари»
иммунология буда, аввалин касе буд, ки тафовути нағзакро аз гули сурхак тавсиф кард, ӯ аввалин касе буд, ки дар бораи аллергия (ҳассосият нисбати чизе) ва педиатрия (табобати кӯдакон) асари «Бемориҳои атфол» иншо намудааст. Вай ҳаёташро комилан ба табобати беморон бахшид ва барои садоқати худ дар ҷомеаи хидматкардааш обрӯю эътибори хеле баландро касб кард.
Парвози афкори инсонӣ дар давраи Сомониён ба дараҷае боло рафт, ки он аз доираи фарҳанги исломӣ хеле васеътар берун рафта, дар тамаддуни афкори умумиинсонӣ саҳми раднопазир гузошт. Акнун, эҷодиёти ду бузургони тафаккур, ки якумашон дар дарбори волии Сомониён дар шимолу ғарби давлат (Хоразм)

пешина
аз 335
навбатӣ