Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Мутахассиси соҳаи китобдорӣ Майрам Мамадазимова таъкид мекунад: Китобхонаи дарбори Сомониён (Савон-улҳикмат»), ки дар давлати Сомониён (асрҳои IX-X) фаъолият мекард, дар рушди сохаи китобдорӣ натанҳо дар ин давлати тоҷикон, балки дар тамоми мамлакатҳои Ховар нақши калидӣ бозидааст. Дар ин маркази илму маърифат китобхои нодир оид ба соҳаи гуногуни илм, адабиёт ва санъат нигоҳдорӣ ва дастхатҳо рўйбардорӣ, бо тарзи минётурнависӣ ороиш дода мешуд. Ба хонандагони китобхона хизмат расонида, фондхои он такмил дода мешуд, корхои дохили китобдорӣ хуб ба роҳ монда шуда буд, ки тачрибаи кори китобдорӣ дар китобхонаҳои давлатҳои Ховари Миёна баъд аз пошхурии давлати Сомониён истифода карда шудааст».
Бо назардошти он, ки пас аз суқути сулолаи Сомониён, ин мутаффакири бузург дар академияи Маъмун / Саҳл дар Гурганҷ, пойтахти Оли Бӯйя дар Исфаҳон, Бағдод ва дигар шаҳрҳои бузурги ҷаҳони ислом сафар кардааст, ки дар он шаҳрҳо чунин «китобхонаи бузург»-ро наёфтааст, ки он ба таври возеҳ аз он воқеияти таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки амирони Сомониён на танҳо «аҳли қалам»-ро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кардаанд, балки барои васеъ кардани доираи ҷаҳонбинӣ ва дониши онҳо заминаи зарурии таълимиву методиро низ фароҳам овардаанд.
Ҳамин тариқ, мавҷудияти китобхонаи амир, таҳаммулпазирӣ ба баҳсҳои илмӣ ва фаъолияти шумораи зиёди олимон дар дарбори амир дар даврони Сомониён ба намунаи дараҷаи олии ибрат расид, ки ворисони он – Ғазнавиён ва Қарахониён, натанҳо барои қаламрави он, балки, дар мадди аввал барои мероси бузурги фарҳангии он мубориза мебурданд. Дар ин муборизаи

пешина
аз 335
навбатӣ