Ҷаҳони Тоҷикон

шадид барои мероси фарҳангии Сомониён султон Маҳмуд Ғазнавӣ дастболо шуд. Бо лашкари сершумор, ки бо 500 фили ҷангӣ пурзӯр карда шуда буд, ба Хоразм ворид шуда, аз ин ду абарқудрати маърифати замони Сомониён аз дарбори хоразмшоҳиён якеро (Берунӣ) ба даст овард. Гузаштани олими бузург Берунӣ дар якҷоягӣ бо дигар олимон аз Хоразм, охирин порчаи фарҳангии Сомониён ба Ғазнӣ ба дурахши дарбори ин султон-сарфармондеҳи муваффақ барои идома додани эстафетаи фарҳангии «Бағдод-Нишопур-Марв-Бухоро-Ғазна» мусоидат намуд. Абуалии Сино таҷассумгари фарҳанг ва илми даврони Оли Бӯйя гардид.
Ин таҷрибаи тақлид ба иқдоми Сомониён дар бораи сарпарастии «аҳли қалам», ки ба болоравии «эҳёи тамаддуни мусулмонон» оварда расонд, ин қадар амиқ ва «сироятӣ» буд, ки он дар дигар давлатҳои Осиёи Миёна ва дар минтақаҳои ҳамсоя низ то Замони Нав васеъ паҳн гардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо