Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

2.7. Сарпарастии Сомониён ба Шоҳроҳи Абрешим

Яке аз китобҳои олӣ, ки ба Шоҳроҳи Абрешим бахшида шудааст, «Шафтолуҳои тиллоии Самарқанд» ном дорад, ки муаллифи он (Эдвард Шеффер), ин меваи тиллоиро аз тамоми рӯйхати сершумори молҳо, ки дар ин роҳи тиҷорати ҷаҳонӣ интиқол дода мешудаанд ва аз бисёр шаҳрҳои замони гузашта пойтахти Суғдиёни афсонавӣ – шаҳри Самарқандро интихоб кардаст... Чаро?
То давраи ташаккулёбии Шоҳроҳи Абрешим ҷаҳони қадим аллакай якчанд халқи соҳибҳунарро медонист, ки тиҷорати байнидавлатӣ ва минтақавии ҷаҳонро ташаккул ва тавсеа додаанд. Дар баробари мисриҳо, ошуриён, ҳиндуҳо, эрониён ва дигар халқҳои қадим, ниёгони тоҷикон (суғдиҳо, бохтариён, сакоиҳо ва ғайра) низ ба тиҷорати байналмилалии роҳҳои хушкӣ васеъ ҷалб гардида буданд.
Шоҳроҳи Абрешим дар заминаи холӣ ба вуҷуд наомадааст, ин роҳи тиҷорати ҷаҳонӣ ҳадди аққал вориси панҷ роҳи минтақавии тиҷорат буд:
1.Роҳи лоҷвардӣ; 2.Роҳи яшмӣ (нефрит); 3.Роҳи подшоҳӣ; 4.Роҳи скифу сакоӣ;
5.Роҳ аз Бохтар ба Ҳиндустон.
Бостоншиноси маъруфи рус В.И. Сарианиди дар бораи фаъолияти «Роҳи лоҷвардӣ» дар нимаи аввали ҳазораи I пеш аз мелод маълумот медиҳад, ки тавассути он санги қимматбаҳолаъли асил дар Бадахшон истихроҷшаванда ба Эрон,

пешина
аз 335
навбатӣ