Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Месопотамия, Сурия, Миср ва дигар кишварҳои ҳамсоя интиқол дода мешуд. Оиди ҳаҷми назарраси интиқоли ин санги қимматбаҳои хеле серталаб аз Хуросон ба Байнаннаҳрайнро он далели таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки ҳокими Ошур Тиглатпаласари III (асри VIII пеш аз милод) ба минтақаҳои зердасти худ солона ба миқдори 9 тонна лоҷварди Бадахшон хироҷ таъин намудааст. Барои равшантар арзёбӣ кардани ин ҳаҷм, як корвони тиҷоратиро тасаввур кардан лозим аст, ки иборат аз 40 шутури бохтарӣ (бори уштур, ба ҳисоби миёна, 225 кг борро ташкил медиҳад) бо роҳбарии як савдогари бохтарӣ, ки аз Бадахшон ба воситаи Бохтар, Марв, Ҳирот, Гиркания, ба Ошур ё Вавилон ҳаракат кунад ва баъзан ин корвонҳои замони қадимтарин тавассути ин давлатҳои қадимӣ (Ошур ё Бобил) ба Сурия, Фаластин ва минбаъд ба Миср низ мерасиданд.
Дар асри V пеш аз милод лоҷвард ба Чини қадим ворид шуданро оғоз кард, аммо дар он ҷо истифодаи васеъ пайдо накард, зеро дар он ҷо як маъдани (санги) нимқимати дигар – яшм (нефрит) аз замонҳои қадим то имрӯз бартарият дорад.
То андозае дар самти шарқӣ аз нуқтаи охирини Роҳи лоҷвард дар Бадахшон (тавассути Помири баландкӯҳ), як роҳи тиҷоратӣ бо номи Роҳи яшмӣ аз Хотан то Чин амал мекард, ки ин маъдан бо он интиқол дода мешуд. Тибқи андешаи муҳаққиқи рус: «Кай пайдо шудани яшми хотаниро дар Чин ҳоло гуфтан ғайриимкон аст. Аммо аллакай собит шудааст, ки дар нимаи дуюми ҳазорсолаи II пеш аз милод яшми хотанӣ ба Чин ворид карда мешуд. Ҳамин тариқ, қисми зиёди аз ҳафтсад ашёи аз яшм сохташуда, ки дар қабри Фу Хао дар Анян ёфт шудааст, ба замони ҳукмронии У- дин (с. 1238-1188 пеш аз милод) тааллуқ дорад, аз яшми хотанӣ тайёр шудааст. Умуман, миқдори

пешина
аз 335
навбатӣ