Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бозёфтҳои чизҳо аз яшми даврони Чжоу ва аввали Хан (асрҳои X- I пеш аз милод) аз бозёфтҳои давраҳои баъдӣ хеле зиёдтар аст.
Ин далели аҷиб ва то андозае ғайричашмдошт қисман бо баромади ғарбии мардуми Чжоу, эҳтимолан, бо аҳолии Туркистони Шарқӣ робита дошта, баъдан ба шарқ муҳоҷират карданд, шарҳ додан мумкин аст». Мавҷудияти робитаҳои нисбатан наздик байни давлати қадими чинӣ Чжоу ва қабилаҳои шимолу ғарбии (барбарӣ) “жун” ва “ди” низ дар боби махсус дар бораи хонаводаи Чжоу ва таърихнигори маъруфи қадимаи чинӣ Сима Цян оварда шудааст. Инчунин мумкин аст, ки пас аз рафтани мардуми Чжоу ба шарқ тиҷорати яшм ба қабилаҳои сакоӣ (чинӣ “ди” ва “юечжи”) гузашта буд. Онҳо яшми аз Хотан (доманакӯҳҳои шимоли каторкӯҳи Кунлун) истихроҷшударо тавассути долони Гансу ба Чин ба дарбори ҳокими (вани) Чжоу интиқол медоданд.
Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки бо тафовут аз дигар марказҳои тамаддунҳои қадимии ҷаҳон дар Чини қадим яшм ҷойгоҳи махсусро, ки дар дигар марказҳо ба тилло тааллуқ дошт, ишғол мекард. Аз замонҳои қадим дар Чин мақоле буд, ки «тилло қиммат дорад, аммо яшм бебаҳост». Дар ин давлати қадим рамзҳои давлатӣ аз яшм сохта мешуд. Онҳо дар маросимҳои динӣ нақши муҳим мебозиданд ва ҳаёти ҳаррӯзаро оро медоданд.
Муҳаббат ва мафтунӣ ба ин санги нимқимат, ки аз дур оварда мешуд, дар бисёр ёдгориҳои адабии он замон инъикос ёфтааст.
Муҳаққиқи ҷопонӣ Эгами Намио ба таври эътимодбахш исбот кард, ки юечжиҳо (сакои-кушониҳо-М.А.), то асри III пеш аз милод дар қаламравҳои васеи Гансуи Ғарбӣ ва Туркистони Шарқӣ маскун буданд, дар тиҷорати яшм миёнарав буданд. Дар

пешина
аз 335
навбатӣ