Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ин бора дар рисолаи «Гуан-цзи» омадааст: «Дар шимол, мардуми юйши (юечжи) дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ яшмро истифода мебаранд», «Яшм аз кӯҳҳо ба марз бо мардуми юйши меояд».
Аз эҳтимол дур нест, ки дар ин тиҷорати сангҳо дар қатори сакоиҳо-кушониён (юечжиҳо) андаке баъдтар суғдиён низ ширкат варзиданд, ки бинобар аз паёмадҳои «Ислоҳоти зидди дев» -и шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ Ардашер (дар с.486 пеш аз милод) ба шарқ ба ҳавзаи Тарим ва ба сарҳади шимолии Тибет кӯч бастанд. Ба андешаи мо, яке аз сабабҳои эҳтимолии пирӯзии ниҳоии давлати канории Тсин дар Чин, ки дар шимолу ғарбии шаш давлати дигар дар Чин чойгир гардида, дар охири давраи «Чжанго» («Бархурди салтанатҳо»), ки дар байни дигарон ҳамчун як кишвари «нимбарбарӣ» шинохта шудааст, дар он аст, ки дар қаламрави Чин вай тиҷорати яшмро назорат мекард, ки ба он тамоми давлатҳои қадимии Чин талаботи зиёд доштанд.
Эрониёни қадими даврони империяи Ҳахоманишӣ, як империяи бузурги ҷаҳониро дар се қитъа – Осиё, Африқо ва Аврупо бунёд намуда, бори аввал қариб тамоми марказҳои тамаддунҳои қадимиро (ба истиснои Чин) ба низоми ягонаи нақлиётӣ муттаҳид карданд. Ҳудуди васеи империя аз соҳили дарёи Ҳинд дар ҷанубу шарқ, аз соҳилҳои Сирдарё дар шимолу шарқ то соҳилҳои дарёи Дунай (минтақаи ғарбии Баҳри Сиёҳ) дар шимолу ғарб ва биёбонҳои Нубия дар ҷанубро фаро мегирифт, ҳамчун як василае барои рушди тиҷорат ҳам дар дохили он ва ҳам бо берун мусоидат мекард. Онҳо натанҳо дар доираи як империяи азим ба тиҷорати хушкигард қаноат карданд, балки ба соҳилҳои шарқӣ ва ҷанубии баҳри Миёназамин баромада, бо финикиён иттифоқи баҳрӣ эҷод карда, инчунин, тиҷорати

пешина
аз 335
навбатӣ