Ҷаҳони Тоҷикон

баҳриро тақвият доданд. Онҳо натанҳо дар бобати вазъи роҳҳои қадимӣ ғамхорӣ намуданд, балки хадамоти нахустини алоқаи давлатиро ташкил карда, боз роҳҳои нав бунёд намуданд.
Дар қатори роҳҳои қадимӣ, ки дар дохили империя амал мекарданд, «Роҳи подшоҳӣ» мавқеи хосса дорад, чунки пойтахти империя-шаҳри Сусаро (дар наздикии халиҷи Форс) тавассути шаҳрҳои Месопотамия бо пойтахти собиқ давлати Лидия (дар Осиёи Хурд, давлати Юнон, ки Куруши Кабир ӯро забт карда буд) – Сард пайваст менамуд. Маҳз пайвасти роҳҳои «Яшм» ва «Лоҷвард» бо «Роҳи подшоҳӣ»-и Ҳахоманишиҳо, ки роҳи асосии (марказии) он дониста мешавад, роиҷ шуд, ки аз бисёр ҷиҳатҳо оғози фаъолияти Шоҳроҳи Абрешим ба шумор меравад.
Дар тарафи шимол, дар паҳлӯҳои даштҳои Евразия, тақрибан дар баробари пайвасти ҷуғрофии ин се масири минтақавӣ (роҳҳои «Яшм», «Лоҷвард» ва «подшоҳӣ»), пеш аз пайдоиши Шоҳроҳи абрешим, «Роҳи Скифу сакоӣ» амал мекард, ки, асосан, аз ҳудудҳои даштҳои муосири ҷанубии Русия ва Қазоқистон мегузашт.
Ҳатто дар замонҳои қадимтарин, юнониҳо бо финикиягиҳо дар тиҷорати баҳрӣ рақобат карда, нуқтаҳои тиҷорати худро натанҳо дар Баҳри Миёназамин (дар Ситсилия ва ғ.), балки дар ҳавзаи Баҳри Сиёҳ низ таъсис медоданд. Дар ин ҷо, дар соҳилҳои шимолии Баҳри Сиёҳ, юнониҳо бо қабилаҳои бодиянишини эронитабор мубодилаи тиҷории мутақобилан судмандро ба роҳ монданд, ки дар масири «Роҳи Скифу сакоӣ» молҳои антиқаро то ба Сибир, Олтой, ҳавзаи Тарим интиқол дода, ба соҳили дарьёи Хуанхэи Чин мерасиданд. Ба ивази ин, онҳо аз ин қабилаҳо ғалла, ҷав, пӯст, пашм ва дигар чизҳои зарурӣ ё молҳои гаронбаҳо мегирифтанд.
Ба андешаи мо, номи ин роҳи даштӣ ҳамчун «Роҳи скифӣсакоӣ» мувофиқтар аст, зеро дар тафовут аз роҳҳои лоҷвард, яшм

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо