Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

тиҷорати хушкигардро байни нимҷазираи Балкан, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ такон бахшиданд. Ба ҷойи империяи кӯтоҳмуддати Искандари Мақдунӣ омадани давлати Селевкиён, ташаккули давлатҳои Юнону Бохтар ва Юнону Ҳинд, бо эҳтиёҷоти доимии онҳо ба молҳои юнонӣ, инчунин муносибатҳои пуршиддати тиҷоратии байни Ғарб ва Шарқро дастгирӣ менамуданд.
Ба андешаи мо, аз замони қадим то ташаккулёбии давлатҳои Юнону Бохтар ва Ҳинду-Юнонӣ «Роҳ аз Бохтар то Ҳиндустон», бо эҳтимоли зиёд, фаъолият доштааст. Асосгузори Шоҳроҳи Абрешим, фиристодаи императори Чин Чжан Тсян, ки як сол дар Бохтар зиндагӣ кардааст (соли 127 пеш аз милод), дар бозорҳои маҳаллӣ бамбук ва матоъҳои чиниро дарёфт кардааст.
Муаллифони қадим, инчунин, дар бораи мавҷудияти роҳи қадимаи тиҷоратӣ аз Бохтар ба Ҳиндустон ва мавҷудияти яке аз марказҳои савдои гиреҳӣ дар соҳили Амударё хабар медиҳанд.
«Аристобул ҳатто Окс (Амударё.-М.А.)-ро бузургтарин дарёи дар Осиё дидаашро, ба истиснои дарёҳои Ҳиндустон, эълон мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ин дарёи киштиронӣ буда (ҳам ӯ ва ҳам Эратосфен ин маълумотро аз Патрокл иқтибос гирифтаанд), бисёр молҳои Ҳиндустон ба поёноб ба баҳри Гиркания (Баҳри Каспий -М.А.) оварда мешаванд; аз он ҷо онҳо ба Албания (Озарбойҷони ҳозира- М.А.), аз дарёи Кир (Кура- номи ҳозира) интиқол дода мешаванд ва аз минтақаҳои зерин ба Понти Евксин (Баҳри Сиёҳ- M. A.) расонида мешаванд».
То ба замони оғози Шоҳроҳи Абрешим Рими қадим, ки вориси тиҷорати баҳрӣ (аз Финикия, Юнон ва Миср) буд, бо давлати абарқудрати Порти Бузург ҳамсояи мустақими тиҷоратӣ гашт. Ин давлати ниёгони мо дар навбати худ мероси тиҷорати

пешина
аз 335
навбатӣ