Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мелодӣ), ки Дашти Бузургро низ фаро гирифта буд, ба фаъолияти Шоҳроҳи Абрешим низ фишор овардан гирифт.
Дар ин садсолаҳои бенизомиҳои азими халқҳои бодиянишин, ки бо ҳамлаҳо ва ғоратгариҳои сершумори нисбат ба корвонҳо ва марказҳои калидии Шоҳроҳи Абрешим сурат мегирифтанд, кафолати асосии фаъолияти бетанаффуси онро маскунони маҳаллаҳои сершумори суғдӣ, ки аз Фарғона ва Ҳафтрӯд тавассути ҳавзаи Тарим ва долони Гансу, ба пойтахти Чин қадим ҷой гирифта буданд, таъмин менамуданд.
Қисме аз бохтариён ва суғдиён, ки аз ҳайати давлати Ҳахоманишиён (сатрапияи XII ва XVI), бинобар бо ислоҳоти динии шоҳаншоҳи Ардашер (дар асри V пеш аз милод) маҷбур шуданд, ки ба шарқи ҳавзаи Тарим ҳаракат кунанд ва вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сипас низомӣ-сиёсиро дар ҳудуди зисти нав эҳё карданд. Олимони бостоншинос дар асоси натиҷаҳои корҳои бостонии саҳроӣ дар қабатҳои қадимии ҳавзаи Тарим муҳоҷирати шарқии зироаткоронро аз Варорӯд тасдиқ мекунанд.
Яке аз дастовардҳои барҷастаи аҳолии қадимии бумии ҳавзаи Тарим, ки то имрӯз дар масоҳати зиёд боқӣ мондааст, кандани каналҳои зеризаминӣ – корез (дар дигар вилоятҳои Чини муосир вуҷуд надорад) ва, аз ҳама муҳим, нигоҳ доштани онҳо дар ҳолати аълои корӣ то замони муосир мебошад. Ин низоми обёрии қадимаи Шарқ аз Халиҷи Форси Эрон тавассути Варорӯд ва Хуросон то канораҳои шарқии ҳавзаи Тарим (Турфан) паҳн гардидааст.

пешина
аз 335
навбатӣ