Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бояд се ҷанбаи таърихиро, ки маскунони маҳаллаҳои суғдиро маҷбур карданд, ки яке аз нақшҳои асосиро дар фаъолият ва тавсеаи Шоҳроҳи абрешим ба ӯҳда гиранд, таъкид кард:
-Сакоиҳо-кушониён аз долони Гансу (Чин) ба шимоли Бохтар ба самти ғарб кӯчида, бо ин роҳ дар пеши маскунони маҳаллаҳои суғдӣ вазифаҳои нигаҳдории «Роҳи яшм», баъдан «Шоҳроҳи Абрешим»- ро гузоштанд;
-Қатъиян манъ гардидани муҳоҷирати чиниҳо ба хориҷа аз тарафи давлат дар давраи ташаккулёбии давлатҳои қадим ва асрҳои миёна ба ин раванд такон бахшид;
-Нақши сирф дипломатӣ доштани корвонҳои тиҷоратии Чин, ки фиристодан ва қабул кардани корвонҳои тиҷоратӣ ҳамчун механизми барқарор ва нигоҳ доштани робитаҳои хироҷдиҳӣ маҳсуб меёфт.
Аз ин рӯ, бо фаъолияти Шоҳроҳи абрешим, аз як тараф (аз шарқ), азхудкунии маъмурии долони Гансу ва ҳавзаи Тарим аз ҷониби империяи Хан оғоз ёфт, аз тарафи дигар (аз ғарб) маскункунии васеи тиҷоративу иқтисодии ин минтақаҳо аз тарафи суғдиён шурӯъ гардид, ки онҳо хеле пеш аз оғози ин роҳи тиҷорати байналмилалӣ ба ин ҷо ворид шуда, онро аз нуктаи назари кишоварзӣ, аллакай, аз худ карда буданд. Ин ҳамбастагӣ ва ҳамкории ханҳо (чиниҳо) ва суғдиён дар масири шарқии Шоҳроҳи абрешим (Гансу ва ҳавзаи Тарим), ки инро дастовардҳои бисёр илмҳо (бостоншиносӣ, нумизматика, забоншиносӣ, диншиносӣ, илми кишоварзӣ, таърихи сиёсӣ ва ғайра) шаҳодат медиҳанд, аксаран сулҳомез буда, якдигарро такмил мекарданд. Коршиносон вуруди тадриҷии суғдиёнро ба тиҷоратии миёнаравии байналмилалӣ, паҳн шудани фаъолияти тиҷоратии онҳо аз ҳавзаи Тарим то Чини ғарбӣ, инчунин рушди

пешина
аз 335
навбатӣ