Ҷаҳони Тоҷикон

нуқра, тилло ва ҷавоҳирот ва сарватҳои зиёдеро ҷамъ овардааст, ки ягон шоҳи пешин, ҷамъ наовардааст. Даромади он аз тоҷирони Сеннаар (Ироқ - МА), Хуросон, Миср ва Ал-Ҳинд (Ҳиндустон – М.А.) сол то сол ба 100,000 тилло (динори тиллоӣ - 4,25 гр. - МА) мерасад. Чунин аст ҳаҷми доимии даромади ҳарсола ӯ ва ин миқдор танҳо аз тоҷирони сершуморе, ки аз тамоми кишварҳо ва ҷазираҳои онҳо (ба мамлакати мо) меоянд, ба даст оварда мешавад. Тамоми муносибатҳои тиҷоратии онҳо ва ҳама корҳояшон танҳо тавассути ман ва мувофиқи дастури ман сурат мегирад. Ситоиш ва сипос аз Худое, ки он бо марҳамати бузурги худ барои ман ба амал овард, вақте ки шоҳони замин дар бораи бузургӣ ва қудрати ӯ шуниданд, онҳо ба ӯ ҳадяҳо тақдим карданд ва ба воситаи туҳфаҳо ва ҷавоҳирот, илтифоти ӯро ҷустуҷӯ мекарданд, аз ҷумла шоҳони Ашкеназ (Олмон - М. А.) шоҳи Г-б-лимҳо, яъне, ал-Саклаб (славянҳои Чехия ё Полша - М.А.), шоҳи Кустантина (императори Рум - М.А.) ва подшоҳони дигар».
Тавре ки аз ин мактуб бармеояд, тоҷирони тоҷик (Варорӯд ва Хуросон) дар давраи шукуфоии давлати Сомониён ба ҳавзаи тиҷоратии худ чунин як кишвари дурдастаринро, ба монанди Андалусия дар нимҷазираи Пиреней (бо Испания ва Португалияи имрӯза)-ро низ фаро гирифта буданд. Аҷибаш боз он аст, ки амалдори андалусӣ маълумотро оид ба будубоши як давлати Хазария, ки дини яҳудиро қабул карда буд, аз тоҷирони тоҷиктабор гирифт; «ҳамчун корҳо идома меёфт, ки то ба ман, тоҷирон аз Хуросон омада буданд, ки паёмро ба ман расонданд, ки дар байни яҳудиён, салтанате ҳаст, ки Ал-Хазар ном дошт » .
Тавре маълум гардид, дар замони давлати Сомониён тоҷирони Варорӯд ва Хуросон таҷрибаи тиҷоратии Суғдро бомуваффақият

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо