Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

идома дода, тадриҷан онро на танҳо дар самти анъанавии шарқии Шоҳроҳи Абрешим тавсеа доданд. Онҳо аз ҳудуди бепаҳнои хилофати исломӣ, ки ҳам ҳудудҳои Африқои шимолӣ ва ҳам нимҷазираи Пиреней (Аврупои ҷануби)ро фаро гирифта буд, моҳирона истифода бурда, ба азхудкунии нуқтаи ғарбии Шоҳроҳи Абрешим шурӯъ намуда, ба соҳили уқёнуси Атлантика низ расиданд.
Ҳамин тариқ, дар замони ҳукмронии давлати Сомониён тоҷирони тоҷик назорати худро дар тамоми масири хушкигарди Шоҳроҳи Абрешим, аз соҳили уқёнуси шарқӣ (Уқёнуси Ором) то уқёнуси ғарбӣ (Атлантика) ба роҳ монда, бо ин васила низоми ягонаи тиҷорати ҷаҳонии асримиёнагиро ташкил карданд.
БОБИ III. ПАҲНКУНИИ ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН

3.1. Стратегияи Сомониён аз Гурганҷ то Гургон

Аллакай дар солҳои охири давлати Сомониён, вақте ки он ба мушкилоти зиддияти низоъҳои дохилӣ ва ҳуҷумҳои беруна камтар тобовар шуд, стратегияи истифодаи забони тоҷикӣ дар коргузории сохторҳои давлат; нигоҳ доштани нақши роҳбарикунандаи вазир ва кори муназзами девонҳои давлатӣ; афзалияти аморати/салтанати суннитабор аз имомати шиа; дастгирии мазҳаби ҳанафии исломи суннитабор; таҳкими синтези тоҷикӣ-туркӣ; сарпарастӣ ба Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ва, алалхусус, сарпарастӣ аз болои "аҳли қалам", на фақат то вилоятҳои дурдасттарини он расид, балки ҳасади ҳамсоягони таҳдидомезашро барои азхуд намудани онҳо барангехт.
Пеш аз оғози тақсимоти мероси бузурги иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ-иқтисодии Сомониён аз ҷониби ҳамсоягони тавоно – ворисони аҷнабии он, ин стратегияи Сомониён, ки ба амалияи ҳамарӯза мубаддал гашта буд, натанҳо идома ёфт, балки дар ду қисмҳои ҷудошудаи мамлакат -дар Хоразм ва Гургон «дурахшонии музофотӣ» намоиш дод.
Ҳатто дар солҳое, ки таҳдид ба мавҷудияти минбаъдаи давлати Сомониён пурзӯр гардид, натанҳо дар маркази он, балки дар шаҳрҳои дурдастарини музофотии он, ҳамбастагӣ ва ҳамкории ғояҳо ва арзишҳои волои ақлонӣ (ратсионализм) идома дошт, ки бо муборизаҳо мавқеи бартаридоштаи худро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба намояндагони руҳониёни иртиҷоӣ («аҳли салла») дод.
Нигоҳ доштани тавозун байни тафаккури амиқи мулоҳизакоронаи беҳтарин мутафаккирони халқи тоҷик ва дигар халқҳои давлати азим, дарвоқеъ, бо шукӯҳи зоҳирӣ ва меъёрҳои маросимии руҳониёни ифротӣ барои амирони босалобат, аввал аз ҷониби ҳокимони равшанфикр, ки

пешина
аз 335
навбатӣ