Ҷаҳони Тоҷикон

истиқлолияти худро ба даст оварданд, баландтарин меъёри тақлид гаштанд. Сипас, он аз тарафи тамоми сулолаҳои минбаъда, ки ҳукмронии худро дар Варорӯд ва Хуросон, инчунин минтақаҳои ҳамсояи Авруосиё барқарор карданд, ҳамчун як таҷрибаи бонуфузе қабул гардид.
Тибқи иттилои муаррихон, дар солҳои душвори даргириҳои дохилӣ дар давлати Сомониён дар тирамоҳи соли 996 волии Сомониён дар Хоразм Абулаббос Маъмун Муҳаммад бо истифода аз вазъияти мусоиди низомӣ – сиёсӣ, рақиби худ Абӯабдуллоҳи Хоразмшоҳ, зердасти Сомониёнро аз қудрат дур карда, заминҳо ва унвонаш (Хоразмшоҳ)-ро ба даст овард. Хоразм, ки аз саҳнаи асосии амалиёти ҳарбӣ дуртар ҷойгир буд, ҳатто баъд аз тағйир ёфтани қудрат дар Варорӯд, садоқати худро ба сулолаи Сомониён нигоҳ дошт. Вориси Абулаббос Абулҳасан Алии Маъмун натанҳо охирин амирони шарифи Сомониён Исмоили II Мунтасирро қабул кард, балки инчунин ба ӯ кӯмак расонд, ки бо мақсади бозпас гирифтани тахти ниёгон артиш гирд оварад.
Ба андешаи мо, садоқати хонаводаи Маъмун ба Сомониён ва ҳифзи сулҳу субот дар Хоразм, дур аз ҷойгоҳҳои даргириҳо ва набардҳои беохир барои мероси бузурги Сомониён, яке аз сабабҳои асосии ҳаракати сершумори «аҳли қалам» аз Бухоро ва дигар минтақаҳои давлати пошхӯрдаистода ба пойтахти Хоразмшоҳ Абулҳасан дар Гурганҷ гашт.
Абулаббоси Маъмун ва ду писари ӯ тавонистанд бо унвони «Хоразмшоҳ» давлати худро (Маъмуниён) созмон диҳанд ва дар тӯли ду даҳсола онро натанҳо устувор ва обод нигаҳ доранд, балки ба маркази фарҳангии тамоми Варорӯд табдил диҳанд. Қарахониён, ки дар Бухоро ва тамоми Варорӯд дар асоси розигии хомӯшонаи рӯҳониёни иртиҷоӣ ба қудрат расида, асосан, танҳо дар амалисозии лоиҳаҳои меъмории давлат бартарӣ пайдо карданд. Дар қисми боқимондаи ҳаёти фарҳангӣ пешдастӣ ба Хоразм гузашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо