Ҷаҳони Тоҷикон

Зуҳуроти иртиҷоии руҳониён ҳатто ба Хоразм гузашт, ки Хоразмшоҳ Маъмуни маърифатнок дар соли 997 барои таваҷҷӯҳаш ба илму адабиёт кушта шуд. Ду писари вориси вай бо навбат ин анъанаи фарҳангдӯстии Сомониёнро, ки падараш –волии мутеи Сомониён аз ин сулолаи шариф қабул карда буд, идома доданд. Чуноне коршиноси рус тасдиқ мекунад: «Тавассути заҳираҳои калони китобҳои он ва он санад, ки фаъолияти тарҷумонҳоро дастгири мекард, китобхона барои нависандагон ва олимон як оҳанрабое барои олимони соҳаҳои гуногун шуда буд ва тавонист самаранок холигиеро, ки пас аз сӯхтани китобхонаи Сомониён дар Бухоро ва вучуд омада буд, пур кунад». Ба ақидаи ин мутахассис, хидмати асосии шукуфоии ҳаёти илмиву фарҳангии Хоразм ба вазир Абуҳусайни Сахлӣ тааллуқ дорад, ки ӯ таъкид мекунад: «Маҳз Саҳлӣ буд, ки ақидаи баргузор кардани шабнишиниҳои илмӣ дар дарбори Маъмун дар шимоли шаҳрро пешниҳод карда буд. Чунини гирдиҳамоиҳои Бармакиён дар Бағдод ва шабнишиниҳои зиёӣ дар Марв, Балх, Нишопур ё Бухоро хеле монанд буданд. Дар баробари қироати шеър ва муҳокимаҳо, шабнишиниҳо хусусияти баҳсҳо ва мусобиқаҳои намудҳои гуногун доштанд, ҳама, ба мақсади ба намоиш гузоштани ситораҳои иштирокчии он. Фарқият дар он аст, ки ҳеч яке аз онҳо даъвои иштироки бузургтарин олмони асрҳои миёна – Берунӣ ва Ибни Сино ва теъдоди зиёди шоирон, нависандагон ва олимони асосии дигари он давраро кардан наметавонистанд. Дар давоми мавҷудияти кӯтоҳмуддаташ Академияи Маъмун маркази зеҳнии ҷаҳон буд». Аз ин рӯ, дурусттар ва одилона мебуд, ки ин «академия»-ро дар муқоиса бо «Академияи халифа Маъмун», «Академияи Маъмун – Саҳлӣ» номгузорӣ намоем, зеро аз Бармакиёни донишманд сар карда, анъанаи роҳбарии вазирони бузург барои ба дарбори шоҳон додани дурахш тавассути сарпарастии моддӣ ва маънавии «аҳли қалам» оғоз гардида, дар давраи Сомониён ба авҷи аълои худ расидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо