Ҷаҳони Тоҷикон

Аз рӯи маълумоти мутахассисони ӯзбек, дар ин академия аз тарафи гурӯҳи сермиллат ва гуногунмазҳаб дар бисёр самтҳо тадқиқоти илмӣ: аз математика то астрономия анҷом дода мешуданд.
Пас аз фурӯпошии давлати Сомониён ва суст шудани Оли Бӯйя, яке аз зердасти дигари Сомониён дар ҷанубу ғарб, ҳокими Гургон Қобуси Вашмгир (тақрибан соли 998) истиқлолро ба даст оварда, тавонист, ки бо султон Маҳмуди Ғазнавии бадхашм робитаҳои дӯстона барқарор кунад.
Ин вазъ ба ӯ имкон дод, ки давлати хурди худро баъд аз Сомониён ба яке аз марказҳои сарпарастии «аҳли қалам» табдил диҳад. Дар ғурбати 17- солаи ҳиҷрати иҷборӣ дар Хуросон ва Варорӯд ӯ маҷбур шуд, ки таҳсилоти мукаммал гирад ва ҳатто мутахассиси машҳури номанависи арабӣ гардад ва инчунин, ба забони тоҷикӣ ва арабӣ шеърҳо эҷод мекард.
Пас аз суқути давлати Сомониён, дарбори ӯ, ба монанди дарбори Хоразмшоҳи Маъмуниён, ба маркази ҷамъшавии шоирон ва олимон табдил ёфт, ки вай онҳоро сарпарастӣ мекард. Ду бузургтарин мутафаккирони давраи Сомониён – Берунӣ ва Абуалӣ Сино низ дар як муддат таҳти сарпарастиаш буданд. Вай аз рӯи эътиқоди мазҳабии худ суннитабор буда, фаъолияти шиаҳо ва мутазилитҳоро дар қаламраваш таъқиб мекард.
Ба назари мо, асари маъруфи хислати тарбиявидошта («Қобуснома»)-и набераи амир Кобуис Вашмгир Кайковус, ки ба писараш Гелоншоҳ бахшида шудааст, хулосаи мантиқии ин давраи бошукӯҳ дар ҳаёти минтақаи ҷанубу ғарбии давлати Сомониён гардид.
«Қобуснома» бо мундариҷаи худ дар байни мавқеъгириҳои шуубӣ ва васфи ҳукмронии султон Маҳмуд қарор дорад. Аз як тараф, муаллифи асар ба ҳикмати шоҳаншоҳи Сосониён Анушервон баҳои баланд дода, оилаи худро ба ашрофзодагони афсонавии Эрон пайваст менамояд, аз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо