Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

3.2. Ғазнавиён ва Қарахониён – пайравони содиқи
Сомониён

Ҳар ду давлате, ки ҷойгузини давлати Сомониён гардиданд, Қарахониён ва Ғазнавиён, дар ҳавзаи сиёсати равшанфикронаи он ташаккул ёфтанд. Тақвияти Қарахониён, асосан, натиҷаи сиёсати тамаддунофару сулҳпарваронаи Сомониён мебошад, ки баъди дини нав – исломро аз дасти ҳокимон ва руҳониёни давлати Сомониён қабул кардан, қабилаҳои сершумори туркӣ тадриҷан муттаҳид шуда, онҳо ба муносибатҳои гуногунҷабҳа бо ҷаҳони паҳновари ислом васеъ ҷалб карда шуданд. Давлати Ғазнавиён бошад натиҷаи мустақими сиёсати мутамаркази иқтисодии Сомониён аст, ки бо коҳиш ёфтани моликияти заминдории хусусӣ (деҳконони ашрофзодаҳои суннатӣ) ба ҷойи онҳо шаҳрҳо рушди бесобиқа доштанд. Аз ин рӯ, лашкари Сомониён, ки дар ибтидо ба ихтиёриҳои мулкҳои сершумори деҳқонӣ такя мекард, пас аз кам шудани қудрати онҳо ва пас аз тавсеаи бюрократияи давлатӣ, тадриҷан ба ҷалби ғуломони туркӣ гузашт. Тадриҷан аз байни ин афсарони боғайрат ва шуҳратпараст (висакбошӣ) натанҳо сарлашкарон-волиёни муваффақ (ҳоҷиб, сипаҳсолор) ва ҳокимони кишварҳои зердаст (Симҷуриён ва ғ.), балки бунёдгузорони давлатҳо (Алптегин, Сабуктегин ва Маҳмуд) ба майдон омаданд.
Амирони Сомониён синтези тоҷикӣ-туркиро риоя карда, барои аскарони турк зинаи дақиқи такмилёфтаи хизматиро эҷод карданд, ки онҳо дар ибтидо ба сафи аскарони пиёдаи артиши амир ворид шуда, тадриҷан ғайрат ва ҷасорат нишон дода, дар хизмати ҳарбӣ ба баландтарин рутбаҳои кишвар дар хизмати давлати ноил мегардиданд.

пешина
аз 335
навбатӣ