Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мешуд, ки амволи онҳо қонунӣ харид гардад», ҷолиб аст. Ба ин сифатҳо дар минтақаи мо (Осиёи Марказӣ) то имрӯз талаботи зиёд доранд, чунки моликияти хусусӣ, ки кафолати рушди иқтисоди миллии ҳар як кишвар ҳисобида мешавад, мақоми хоси худро то ҳоло нагирифтааст.
Шубҳае нест, ки хизматҳои шоистатарини султон Маҳмуд, ҳатто бо вуҷуди хусусиятҳои манфӣ, ин идомаи анъанаи сарпарастии Сомониён ба «аҳли қалам» мебошад. Дар ин ҷо чизи асосӣ, ба андешаи мо, ангеза (ботил ё самимият) нест, балки натиҷаи он аст, ки парвози баланди тафаккур, асосан, мутафаккирони тоҷик, ки аз Бағдод оғоз ёфт, дар Марв, Бухоро, Нишопур, Тус ва шаҳрҳои дигари Варорӯд ва Хуросон, хомӯш нашуда, балки идомаи минбаъдаи худро дар Ғазнаи дурдаст пайдо кард.
Аз «аҳли қалам»-и сершумор, ки дар дарбори султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҷамъ омада буданд, ҳам аз Академияи Хоразмии Маъмун/Саҳлӣ ва ҳам аз дигар доираҳои илмӣ, шахсияти Абурайҳони Берунӣ, бешубҳа, мавқеи хосса дорад.
Вай, ки яке аз се нобиғаҳои бузурги даври Сомониён (Абуалӣ Сино ва Абунасри Форобӣ) буд, фаъолияти илмии худро дар пойтахти нав ҳам, бомуваффақият идома дод. Агар омӯзиши мукаммали илмии минтақаи мо (Ориёно-Варорӯди қадим) дар ғарб аз лашкаркашиҳои ҳарбии Искандари Мақдунӣ сарчашма гирад, мисршиносии муосир бошад аз юриши ҳарбии Наполеон ба Миср оғоз ёбад, пас ҳиндушиносӣ дар Осиёи Марказӣ (ва баъдтар дар тамоми ҷаҳон) аз лашкаркашиҳои ҳарбии султон Маҳмуд оғоз мешавад. Абурайҳон Берунӣ, ки дар ин юришҳо ӯро ҳамроҳӣ мекард, забони қадимаи ҳиндӣ-санскрит, анъанаҳо ва

пешина
аз 335
навбатӣ