Ҷаҳони Тоҷикон

Давла Маҳмуд, сарпарасти шоири маъруф Масъуди Салмон, супурд. Ба ибораи дигар, маҳорати идоракунии Сомониён, ки аз тарафи аввалин султонҳои Ғазна, ки аз муҳити фарҳангии Сомониён баромада буданд, қабул карда шуд ва аз ҷониби султонҳои минбаъда тағйиру рад нашуда, балки бомуваффақият идома ёфтанд.
Баръакси Ғазнавиён, ки аз бюрократияи ҳарбии Сомониён баромадаанд, Қарахониён, ки як давлати умдатан кӯчманчӣ буд, ҳамсоягони шимолӣ ва шимолу шарқии онҳо буданд, ки таъсири пурқудрати фарҳангии ҳамсояи пешинашонро дар саҳнаи сиёсии Варорӯд баръало эҳсос мекарданд. Ин таъсири фарҳангии Сомониён ҷанбаҳои зеринро дошт:
-аввалан, ташаккули давлати ибтидоии қарлукҳо- Қарахониён дар Ҳафтрӯд, ки дар он даҳҳо шаҳрҳои суғдӣ мавҷуд буданд, ки дар он ҷо синтези суғдию туркӣ дар тӯли садсолаҳо инкишоф ёфта, дар замони Сомониён ба синтези тоҷикӣ-туркӣ табдил ёфт;
-дувум, қабилаҳои бодиянишин бо давлати мутамаркази Сомониён ба муносибатҳои зич ва мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб карда шуданд, ки ин, бешубҳа, ба сатҳи зиндагии қабилаҳои бодиянишин ва ташаккули иҷтимоию сиёсии онҳо таъсири назаррас расонд;
-сеюм, на танҳо ҳаракати ғозиён (муборизони имон) аз Варорӯд ба Ҳафтрӯд рафт, балки бисёр мубаллиғони (миссионерҳои) ислом, ки дар қабилаҳои бодиянишини гуногунмазҳаб фаъолият мебурданд, роҳнамоӣ мекарданд, ки онҳо ба ҷаҳони ислом пайваст шаванд. Бешубҳа, ақлҳои кунҷков (чун Абунасри Форобӣ) аз ин бодиянишинҳо низ буданд, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо