Ҷаҳони Тоҷикон

ҷустуҷӯҳои илмҳои диниву дунявӣ ва ҷаҳонбинии худро дар мадрасаҳои Бухоро, Самарқанд ва дигар шаҳрҳои бузурги Варорӯд ва Хуросон қонеъ гардонда, бо бағоҷи нави динӣ ба мавзеъҳои худ бармегаштанд;
-чорум, бо зиёд шудани шумораи мусулмонон дар қаламрави давлати Қарахониён, бешубҳа, ашрофони анъанавии онҳо (ябғу, шод, тегин ва хонҳо) низ ҳарчи бештар ба сӯйи ислом моил шудан гирифтанд. Тадриҷан, дар тӯли даҳсолаҳо, дар байни нухбагони бодиянишин ва садрҳои Бухорои Варорӯд муносибатҳои ҳомиён-мизоҷон (муносибатҳои «пир-мурид»), ки хоси исломи анъанавӣ буданд, ташаккул ёфт, ки дар он на ҳокимони бодиянишин, балки рӯҳониёни бумӣ дар мавқеи бартаридошта қарор доштанд.
Рӯҳониёни Бухоро, ки замоне Исмоили Сомониро ба тахти шаҳр даъват карда буданд ва баъдтар таъсири худро ба онҳо низ паҳн карданд, ба туфайли сиёсати мутамаркази амирони Сомониён, таъсири худро натанҳо дар тамоми қаламрави давлат, балки ба сарзаминҳои ҳамсоя низ тадриҷан боло бурданд, муносибаташонро бо ин сулола сард намуданд. Сабаби ин сардӣ дар он буд, ки амирони Сомониён натанҳо ба паҳн кардани исломи суннитабор, балки ба инкишофи илмҳои муосир таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекарданд ва аз ҳар ҷиҳат дастгирии аҳли илму фарҳангро амалӣ мекарданд. Мо медонем, ки норозигии аввалини қисми ифротии руҳониёни давлат ва иғво барангехтани онҳо бо нухбагони ҳарбии горди Сомониён бар зидди тафаккури озодонаи Насри II равшанфикр аз ҷониби писари ӯ, амири оянда Нӯҳ саривақт хомӯш карда шуда буд.
Дафъаи дигар рӯҳониёни Бухоро, ки қалб ва зеҳни табааи давлати Сомониёнро, ба ҷуз аз дарбор, девонҳои давлатӣ ва «аҳли қалам» ба даст оварда буданд, ба густариши қудрати худ дар сохторҳои давлатӣ низ оғоз карданд. Акнун, онҳо боз ҳам пеш

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо