Ҷаҳони Тоҷикон

рафта, ҳокимони давлати ҳамсояи бодиянишин (аз лиҳози динӣ мутеъ)-ро ба юриши ҳарбӣ алайҳи Ватани худ, ба «қалби» Варорӯд даъват карданд. Ҳатто ғамхории Сомониён нисбат ба дину мазҳаб ва намояндагони он дар шакли коркарди дастурамали динии исломи суннитабор алайҳи мутазилиён ва қарматиҳо (аз ҷониби диншиноси маъруфи маҳаллӣ Матуридӣ), ки дар боло ишора карда шуд, онҳоро аз хиёнат ба Ватан ва нисбат ба сарпарастони худ – амирони соҳибмаърифати Сомониён бознадошт. Тавре муҳаққиқи муътабар дуруст таъкид мекунад: «бодиянишинони хурофотпараст, ки ба қарибӣ исломро қабул карданд, нисбат ба ҳукумат фарҳангӣ, мухлисони ғайратманди дин ва хидматчиёни он буданд». Аз ин рӯ, вақте ки рӯҳониёни расмӣ (имом-хатибҳо)-и Сомониён аҳолиро барои ҳимояи давлат ба сафарбарӣ даъват карданд, онҳо дар навбати худ ба руҳониёни ғайрирасмӣ (ба истилоҳ «фақеҳон») рӯ оварданд.
Онҳо, ин муборизаи ду давлатро на «барои имон», балки барои «баракатҳои ин ҷаҳон» маънидод карда, ба онҳо тавсия намедиҳанд, ки «худро барои куштор омода кунанд» ва аҳолии як давлати бузург дар соати тақдирсоз (сарфи назар аз он, ки мардони Варорӯд доимо силоҳ доштанд), ақибнишинӣ кард. Мо доир ба бо ришва харида шудани ин гурӯҳи рӯҳониён аз ҷониби Қарахониён далелҳо надорем, аммо имкон дорад, ки дар афкори онҳо на ғояҳои миллӣ (мансубияти худ бо Сомониён ба як халқу миллат), балки арзишҳои фаромиллӣ («ҳама мусулмонон бародаронанд») ҳукмфармо буд, зеро онҳо бештар аз мулоҳизакорӣ ва маърифати баланди амирону вазирони бузург ва «аҳли қалам» нороҳат буда, баҳонаи пахши онҳоро ҷустуҷӯ доштанд.
Акнун «аҳли салла» ба сабаби кӯтоҳбинии ватандӯстӣ ва табиати ифротӣ, аз давлатдории қавмии худ даст кашида, ба халқи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо