Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

марказ мустақиман дастрасӣ надоштанд ва чор дарвоза аз ҷониби посбонони қавӣ муҳофизат карда мешуданд».
Нақши истисноӣ дар бунёди пойтахти нав (шаҳри гирд)-и зодагони Марв аз он шаҳодат медиҳад, ки ба он маҳаллаи алоҳида дар пойтахти нав ҷудо карда шуда, кӯчаи асосии он номи Марвро дошт, ки ин ягона шаҳр дар империя буд, ки ба он чунин шарофати баланд дода шуда буд.
Муҳаққиқони яке аз нусхаҳои пешакии сохтани нақшаи даврии пойтахти хилофати нав, ки дар афсонаи машҳури шарқ («Ҳазору як шаб») ҷойи асосӣ будааст, қалъаи дар шаҳри Марв ё дайрҳои Бармакиён (Буддоӣ)-и Балх маҳсуб ёфта, ҳар ду ривоят аз таъсири пурқудрати Холиди Бармакӣ дар банақшагирӣ ва сохтмони Бағдод шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тариқ, Аббосиён, ки бо зарби шамшери хуросониҳо ба қудрат омаданд, нисфи оламро аз як шаҳри боҳашамат ҳукмронӣ мекарданд, ки аслан бо услуби Хуросон сохта шуда буд ва симои оқилонаи Бармакиён ноаён дар он ҷой гирифтааст.
Мувофиқи маълумоти «Геродоти араб»-и ал-Масъудӣ (с.
896-956), ягон кас аз авлоди Холиди Бармакӣ бо ӯ дар «ташкилотчигии» пурқуввати хилофат дар пойтахти нав (Бағдод) дар ҷиҳати барҷастагӣ баробар шуда наметавонист. Пойтахтҳои хилофатро аз оғӯши ҷаҳони араб (Димишқ ва Куфа) ба ҷаҳони Эрон наздиктар ба Тайсафун (пойтахти қадимии Порти Бузург) кӯчонидан ва бунёди пойтахти нав (Бағдод), ба назари мо, пеш аз ҳама, омодагии сулолаи нави ҳукмрон ба қабули анъанаҳо ва

пешина
аз 335
навбатӣ