Ҷаҳони Тоҷикон

тоҷик, ки ба қатори яке аз мардумони камшумори пешрафтаи олами он даврон, ки ба ҷаҳон қисми асосии «ренессанси исломӣ» шомил шаванд, хиёнат карда, онро «қурбон»- оташи таърих карданд. Акнун Варорӯд ва Хуросони боҳашамат тадриҷан зери ҳокимони хурофотпарасти аҷнабӣ ба гӯшаи рушди умумиҷаҳонӣ мубаддал гаштанд.
Баръакси Ғазнавиён, ки анъанаҳои расмиятчигии мутамаркази Сомониёнро ҷорӣ карда буданд, «дар байни Қарахониён, монанди дигар империяҳои бодиянишин, мафҳуми моликияти авлодӣ аз соҳаи муносибатҳои хусусии ҳуқуқӣ ба соҳаи ҳуқуқи давлатӣ интиқол дода шуд».
Бо вуҷуди бартарии хусусияти бодиянишини ташаккули давлати нави Қарахониён, онҳо ба минтақае, ки аксар маскунонро аҳолии бумӣ (таҳҷоӣ) ташкил медоданд, дохил шуда, наметавонистанд унсурҳои стратегияи Сомониёнро комилан сарфи назар кунад.
Забони тоҷикӣ мақоми худро ҳамчун забони расмии давлат нигоҳ дошт, гарчанде давлат хусусияти полисентрӣ (бисёрмарказӣ) дошт, вақте ки пойтахти давлат, тибқи анъанаҳои бодиянишинон, аз Баласағун, Узганд то Қошғар ва баръакс зуд-зуд иваз мешуд, тоҷикон қисми асосии хизматчиёни мулкии онро ташкил медоданд.
Агарчи сарвари олии давлат унвони бодиянишинон «хон»-ро дошт, аммо намояндагонаш дар шаҳрҳои муқимӣ (Бухоро, Самарқанд ва ғайра) унвони Сомониён «амир» доштанд, ки дар ҳар фурсат кӯшиш мекарданд аз маркази сиёсӣ ҷудо шаванд.
Сарфи назар аз он, ки Қарахониён мазҳаби ҳанафии исломи суннитаборро аз Сомониён ва руҳониёни расмии онҳо, ба монанди аксарияти мутлақи аҳолии Варорӯд ва Ҳафтрӯд қабул карданд, муносибатҳои онҳо бо рӯҳониёни ғайрирасмӣ (садрҳо), ба гуфтаи муаррихон, дар тӯли ҳукмрониашон мураккаб буд. Ба назари мо, 1Бартольд В.В. Туркестан в эпоху монгольского нашествия, с.330.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо