Ҷаҳони Тоҷикон

«Дар энсиклопедияи чинии Туньдянь дар асри VIII гуфта мешавад, ки кишвари Суй ё Суде (Суғд -М. А.), ки аллакай дар асри V мелодӣ мавҷуд буда, бо Чин равобити тиҷоратӣ ва сиёсӣ дошт, боз чун То-ku-mong номида мешавад». Дар ин ҷо мавҷудияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни ниёгони халқҳои тоҷику туркман, ки ҳатто барои мардуми дур аз минтақа маълуманд, мушоҳида карда мешавад.
Дар девони «Луғат ат-турк» рӯйхатти зерини қабилаҳои оғузҳои нимаи дуюми асри XI мавҷуд аст: қиниқ (қабилаи Султон Санҷар. – М.А.), қайиг, баяндур, ӣива, салур, афшар, бектили, букдуз, баят, язгир, эймур, қара-булақ, алқа-булақ, игдыр, урегир, тутырка, ула-ёндулуг, тюгер, ҷеби, печенег, ҷувалдур, ҷаруклуғ.
Аммо, бо тафовут аз ривоятҳои достонӣ дар бораи этногенези маҳаллии қабилаҳои оғуз, илми таърих дар бораи муҳоҷирати онҳо аз минтақаи наздик ба марзҳои Муғулистон ва ҳавзаи Тарим шаҳодат медиҳад. Академик В. В. Бартолд чунин иттилоъ додааст:
«дар катибаҳое, ки дар Муғулистон ҳифз шудаанд, калимаҳои оғуз ва тоқуз-оғуз зери як маъно истифода шудаанд; тибқи истилоҳоти ҷуғрофидонҳои арабӣ, оғуз ва тоқуз оғузҳо халқҳои мухталиф буданд ва дар минтақаҳои мухталиф зиндагӣ мекарданд: оғузҳо ҳамсоягони мулкҳои мусулмонон аз соҳили шарқии баҳри Каспий то Исфиҷоб буданд, тоқуз-оғузҳо дар Туркистони Чини имрӯза (ҳавзаи Тарим -М.А.), аз Куча ба самти шарқ, дар ҳоле, ки маркази минтақаи онҳо минтақаи назди Турфон буд. Тибқи гуфтаи муаррихи асри XIII Ибн ал-Асирӣ «оғузҳо замоне ҷузъи токузоғузҳо буданд ва дар давраи халифа Маҳдӣ (с.775-785) аз онҳо ҷудо шуданд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор