Ҷаҳони Тоҷикон

Дар мавзеи нави истиқоматӣ (канори шимолии Варорӯд) оғузҳо дар таҳаввулоти сиёсии минтақа иштироки фаъолона намуда, шӯришҳои Муқаннаъро бар зидди арабҳо дастгирӣ карданд ва дере нагузашта, ин қаламравҳо низ ба марзҳои мулкҳои ҳудуди давлати тоҷикон, ба давлати Тоҳириён ҳамсарҳад гаштанд.
Яке аз намояндагони маъруфи хонаводаи Тоҳириён Абдулло (с.
828-844), ки ҳокими Хуросон буд, писари худро ба маъракаи ором кардани ҳамсояҳои нав мефиристад ва вай «ба ҷое мерасад, ки касе то ба ҳол ба ин ҷо нарасидааст». Сарлашкар дар ин ҷои нав ишғолкардашуда шабакаи иншоотҳои мудофиавӣ (работҳо) эҷод мекунад, ки аҳолии маҳаллиро аз ҳамлаҳои ногаҳонии оғузҳо муҳофизат мекарданд.
Муҳаққиқон иттилоъ медиҳанд, ки дар баробари бунёди қалъаҳои мудоифавӣ аз ҷониби давлат дар сарҳади байни мардуми бумӣ ва бодиянишин, инчунин раванди аз ҷониби тоҷирон ва муҳоҷирони осоиштаи тоҷик бунёд кардани як қатор шаҳрҳои мулкҳои оғуз низ ба амал омадааст. Ба унвони мисол, онҳо аз бунёди шаҳр – «Деҳнав» («Деҳаи нав») ёдовар мешаванд, ки баъдтар бо қароргоҳи ҳокимони (ябғу)-и оғузҳои назди Сирдарё табдил ёфта, номи туркии «Янгикант»-ро гирифт. Ин далели таърихӣ нишон медиҳад, ки анъана ва амалияи суғдиён дар бунёди шаҳрҳои нав дар Ҳафтрӯд дар замонҳои гузашта, дар ин давра, дар ҳавзаи дарёи бузурги Сирдарё, акнун дар самти ғарбӣ ба маҷрои поёнии он идома ёфт.
Иштироки фаъоли оғузҳо дар муборизаи аҳолии маҳаллӣ (тоҷикон) бо арабҳо (шӯриши Муқаннаъ) ва бемамониат сохтани як қатор шаҳрҳои тиҷоратӣ дар ҳудуди маҳалҳои маскуни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор