Ҷаҳони Тоҷикон

овозаҳоро шунид ва дар якҷоягӣ бо аҳли авлод ва пайравонаш аз мамлакати кофирон ба мамлакати ислом рафт ва бо қабули имон (ислом) ва наздик шудан ба мусулмонон худро хушбахт гардонд.
Эътибори вай боз ҳам баландтар шуд ва кораш бо афзоиши итоат ба ӯ тақвият ёфт. Вай дар наздикии Ҷанд ҷойгир шуд ва ҷангро бо туркони беимон, ки шоҳи онҳо аз мусулмонони он минтақаҳо хироҷ мегирифт, идома дод. Салҷуқ андозгирандагони шоҳи турконро аз он ҷо ронд ва (он ҷойҳо) барои мусулмонон тоза карда шуд».
Муроҷиати онҳо ба дини ислом, ки дар қаламрави давлати Сомониён буданд, на танҳо барои дастгирӣ ёфтан аз тарафи табааи мусулмонон, балки инчунин бо ин роҳ ба даст овардани чарогоҳҳо барои чорвои сершумори онҳо низ буд. Муборизаи устуворонаи онҳо дар ин минтақаи наздимарзӣ (Ҷанд) бо туркҳои ғайридин, ки ният доштанд аз мусулмонон андоз ситонанд ва пирӯзӣ бар онҳо, эътибори онҳоро дар назди аҳолии маҳаллӣ баланд бардошт.
Бешубҳа, қабули ихтиёрии ислом ва инчунин, ҳимояи табааи маҳаллии давлати Сомониён байни онҳо ва ҳукумати олии давлат заминаи мустаҳкам гузошт, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани хатар истифода мешуд. Ҳангоми аввалин муқовимати ҷиддии Сомониён ва Қарахониён дар соли 992, вақте ки Ҳорун Боғрахон Бухороро забт кард, пас ба ёрии амири Сомониён Нуҳи II салҷуқиён аз Ҷанд омаданд, ки то онҳоро аз Варорӯд ронанд.
Баъди гузаштани чанд соли дигар, вақте ки охирин амири Сомониён Исмоили II (Мунтасир) барои барқарор кардани қудрати сулолаи худ мубориза мебурд, салҷуқиён, асосан, ҳамчун пуштибонашон дар ин муборизаи шадид баромад мекарданд. Ибни Ал-Асир дар бораи мавҷудияти «илтифоти салҷуқиён нисбат ба Сомониён маълумот медиҳад. Ҳисси садоқат онҳоро ба ҳаракат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор